Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Аёдати кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор

Аёдати кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор

1-06-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 315 нафар
Назарҳо: 0
Аёдати кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор
Бо мақсади дастгирии табақаи ниёзманд ва ба муносибати Рузи ҳифзи кӯдакон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо ҳамбастаги бо гурӯҳи саховатмандон дар Маҷмааи фароғатии Суғд ба 100 нафар кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор дастархони идона орост.

Кӯдакон аз хонаҳои кӯдакон ва мактаб парваришгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои Ҷ.Расулов, Конибодом, Бӯстон ва Хуҷанд ҷам омада буданд. Мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИВ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Ҳоҷиев зимни суханрони кӯдаконро бо фарорасии Рӯзи ҳифзи кӯдакон табрику таҳният намуда, аз ғамхори ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд ва қайд кард, ки ҳеҷ гоҳ шумоён худро танҳо ҳис накунед, зеро такягоҳи шумо Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҲХДТ мебошанд.

Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Суғд Абдунабӣ Сангинов низ ҳамагонро табрик намуда, қайд кард, ки яке аз самтҳои афзалиятноки ҲХДТ ин дастгириву ғамхори нисбати шахсони ниёзманд мебошад ва КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар оянда низ ин самтро амалӣ хоҳад кард.

Табъи кӯдаконро сурудҳои ҳофизони шинохтаи ҷумҳури аз қабили Ҳасани Ҳайдар, Толиб Исмоилов, Носир Раҳимов, Озода Аҳатова ва дигарон шод гардонд. Дар охир аз тарафи КИВ ҲХДТ ва дигар шахсони саховатпеша ба кӯдакон тӯҳфаҳои хотирави супорида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: