Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Кӯдакони хушиқболи даврони истиқлол

Кӯдакони хушиқболи даврони истиқлол

1-06-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 340 нафар
Назарҳо: 0
Кӯдакони хушиқболи даврони истиқлол
Тибқи нишондоди Кумитаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва мувофиқи нақшаи якҷояи КИ ҲХДТ дар н.Деваштич ва Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия бахшида ба истиқболи ҷашни фархундаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар арафаи таҷлили Иди байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар кӯдакистони №5-и деҳаи Даштикони н.Деваштич чорабинии идона аз ҷониби Шӯрои НТҶҶ «Созандагони Ватан» баргузор гардид.

Зимни ташкили чорабинии мазкур и.в.Раиси НТҶҶ «Созандагони Ватан» Сарвар Саидов ва мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, узви ҷавону фаъоли ҳизб Вафоҷон Қӯлдошов аз шароити таълиму тарбия, рафти машғулиятҳову вақтгузаронӣ, фароғату истироҳати кӯдакон ва аз омодагиҳои идонаи онҳо шиносоӣ пайдо карда, таклифу пешниҳодҳои мушаххасро ба мураббиён иброз намуданд. Дар рафти чорабинии идона кӯдакон дар васфи Ватан-Модар, Тоҷикистони азиз ва дар васфи орзуҳои ояндаи худ шеъру суруд ва саҳначаҳо намоиш дода, бо руҳияи тозаву беолоиш ва хуррамона баромадҳои ҷолибу пурмазмун карданд. Маврид ба зикр аст, ки ин насли умедбахши Тоҷикистони гул-гулшукуфон аз Ваҳдату Ватандорӣ, аз меҳру садоқаташон ба мулки зебоманзар, аз қадру арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу давлатӣ таронаву шеърҳо хонда, бо намоишҳои кӯдакона ва бо шӯхию бозиҳою лафзи ширинашон тамошобинони худро хушҳолона истиқбол карданд. Дар хотимаи чорабинӣ ба ҳамаи кӯдакон ширинию туҳфа ва дастовезҳои меҳмонон тақдим карда шуд. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар н.Деваштич ба мудири муассисаҳои таълимии томактабии №5 Ортиқой Хӯҷақулова ва кулли мураббиягони муассисаи мазкур барои саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврасу умедбахши Ватани азизу маҳбубамон ва дар роҳандозии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимии хешро баён менамояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: