Чорабинии ҳизбиён бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон1-06-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 220 нафар
Назарҳо: 0
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон, бахшида ба «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон» дар ташкилоти ибтидоии «Маркази тарбиявӣ» озмуни расми беҳтарин байни хонандагон таҳти унвони “Сулҳ аз нигоҳи кӯдакон” баргузор гашт. Дар озмуни расмкашӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия Бадалова С.Р, мудири шӯъбаи ташкилӣ Раҷабова Г.М ва мутахассиси КИШ иштирок намуданд. Бадалова С.Р ҳамаи иштирокдоронро аз номи кумиҷроия бо “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” табрик намуд.
Дар озмуни расмкашӣ кӯдакон расмҳои офтоб, кабӯтар, хоначаҳо, гулҳои баҳорӣ, кӯҳҳо, парчами Тоҷикистон, рамзҳои Тоҷикистонро бо шаҳомати идона дар рӯи замин кашиданд. Ба ғолибони озмун аз тарафи Кумитаи иҷроия тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Инчунин дар ҳамин рӯз аёдат ба роҳ монда шуда, ба кӯдакони маъюб Меҳроби Сӯҳроб истиқоматкунандаи кӯчаи Рӯдакӣ 8-11, Абдуқаҳорова Шукрона истиқоматкунандаи кӯчаи Дӯстии Халқҳо 25-60, Шомуродов Усмонҷон истиқоматкунандаи кӯчаи М.Турсунзода 3-56, Каримова Дилноза истиқоматкунандаи кӯчаи М.Турсунзода 14-60 кӯмакпулии яквақта супорида шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.