«Ҷоми шаҳрдорӣ-2016»: ҲХДТ ба 2/1 финал роҳ ёфт31-05-2016, 08:30
Хабарро хонданд: 331 нафар
Назарҳо: 0
Дастаи футболи «ҲХДТ» (Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон) дар даври 4/1-ниҳоии мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми шаҳрдорӣ-2016», дастаи «Гумрук»-и Раёсати Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо бо ҳисоби 6:2 шикаст дода, ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.
Сабқат миёни ин дастаҳо шоми 30 май, дар майдончаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов баргузор гардид. Дар ин дидор футболбозони ҳар ду даста ҳам барои роҳ ёфтан ба даври нимниҳоии мусобиқа маҳорати хуб нишон доданд. Дар дақиқаи 15-уми бозӣ нахустин шуда, футболбозони дастаи «ҲХДТ» ҳисобро кушоданд. Аммо пас аз 4 дақиқа, яъне дар дақиқаҳои охири нимаи аввали сабқат, ҳарифонашон дарвозаи онҳоро рахна карда, ҳисобро баробар намуданд. Бо ҳамин натиҷа дастаҳо ба танаффус баромаданд. Дар дақиқаҳои аввали нимаи дуюми дидор футболбозони дастаи «Гумрук» маротибаи дуюм тӯбро ба дарвозаи ҳарифони худ ворид намуданд. Ин ҳолат футболбозони дастаи «ҲХДТ»-ро маҷбур сохт, ки дарвозабони худро иваз кунанд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Пас аз ин равиши бозии дастаи «ҲХДТ» ба куллӣ тағйир ёфт ва бо чаҳор голи пай дар пайи ғолибияти соф ба даст оварданд. Ҳамин тариқ, дар идомаи мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми шаҳрдорӣ-2016» ва сазовор шудани ҷойҳои ифтихорӣ чаҳор даста, миёни ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард. Дар асоси низомномаи мусобиқа дастаи «ҲХДТ» дар даври нимниҳоӣ, рӯзи 2 июн, бо дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сабқат мебарояд. Ин мусобиқа соли ҳаштум аст, ки доир мегардад ва дастаи «ҲХДТ» соли гузашта, бори нахуст дар ин мусобиқа ширкат варзида, финалисти ин мусобиқа шуд. И.Тоҳир |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.