Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе аз дастаи “Триполи”-и Лубнон бар ҳисоби 2:1 шикаст хўрд.10-03-2016, 07:50
Хабарро хонданд: 314 нафар
Назарҳо: 0
![]() Голи нахустинро дар ин бозӣ Александр Каблаш, легионери укроинии дастаи “Истиқлол” дар дар дақиқаи 55-уми даври дуюми бозӣ ба дарвозаи мизбонон мезанад. Аммо бо гузашти 3 дақиқа ҳисоби голҳо бо туби задаи Абдулло Азиз, бозингари “Триполи” мусовӣ мешавад. Дар дақиқаи 87-уми бозӣ низ дарвозабони “Истиқлол” тӯби задаи Валид Фаттоҳро гардонда наметавонад. “Исқтиқлол”-и Тоҷикистон дар гуруҳи “В” бо дастаҳои “Ал-Файсал”-и Урдун, “Триполӣ”-и Лубнон ва “Нафит ал-Васат”-и Ироқ рақобат мекунад. “Истиқлол” бозии нахустини гуруҳиашро дар Душанбе бо дастаи “Ал-Файсал”- Урдун мусовӣ анҷом дода буд. Дар бозии дигари ин гуруҳ “Ал-Файсал” дар майдони худаш “Нафит ал-Васат”-и Ироқро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, бо 4 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. “Триполи” низ бо ғалаба ба “Истиқлол” 3 имтиёз ва дар ҷойи 3-юм дар гуруҳ қарор дорад. “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар ду бозӣ 1 имтиёз ба даст овардааст, дар ҷойи охир аст. Бозии баъдии “Истиқлол” бо “Нафит ал-Васат” 15-уми март дар шаҳри Теҳрони Эрон баргузор хоҳад шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.