«Регар-ТадАЗ» барандаи Ҷоми ФФТ шуд12-03-2016, 07:22
Хабарро хонданд: 332 нафар
Назарҳо: 0
Тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода маротибаи дувум соҳиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) шуд.
Бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2016, шоми 11-уми марти соли равон, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор гардид. Дар ин дидор футболбозони дастаи «Регер-ТадАЗ» дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд. Голи ягонам ва ҳалкунандаи ин вохӯриро Ромиш Ҷалилов дар дақиқаи 25-уми дар нимаи аввали дидор ба ҳадаф расонд. Пеш аз бозии ниҳоӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа барои ҷойи севум бар тими ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Дар ин диро, Холмурод Назаров дар дақиқаи 73-юм сабқат тӯбро ба дарвозаи ҳарифонашон ворид намуда пирӯзии дастаашро таъмин намуд. Ҳаминтариқ дастаи «Регар-ТадАЗ» бо Ҷоми ФФТ ва медалҳои тило сарфароз гашт. «Хуҷанд» бо медалҳои нуқра ва «Вахш» бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Ёдовар мешавем, ки мусобиқот барои дарёфти Ҷоми ФФТ бори панҷум аст, ки баргузор шуд. Дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дуборӣ ва «Хайр»-и Ваҳдат як бор Ҷоми ФФТ-ро ба даст овардаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.