Комёбии варзишгарони ҷавон20-10-2015, 09:10
Хабарро хонданд: 750 нафар
Назарҳо: 0
Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи умумичумҳуриявии «Тӯби чармин» баргузор гардид, ки ноҳияи Ғончиро ду дастаи чавонон, яке футболбозони деҳаи Далён ва дигаре дастаи Мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони ба номи Богут Холови ноҳияи Ғончӣ муаррифӣ намудаанд.
Футболбозони дастаи Мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони ноҳия, ки солҳои таваллудашон 1998-1999 буданд, бо дастаи Душанбе-1 қувваозмоӣ карда, бо ҳисоби 4:3, бар дастаи Кӯлоб бо ҳисоби 2:0 ғолиб омада, ба бозии ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар бозии ниманиҳоӣ низ бар дастаи Бохтар бо ҳисоби 2:1 пирӯзӣ ба даст оварданд. Ин дастаи варзишӣ таҳти сарварии мураббӣ, узви фаъоли ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии «Варзишгар» Назир Комилов дар мусобиқаи «Тӯби чармин» аз рӯи намуди футбол байни ҳамсолони худ сазовори чои 3-юм гардиданд. Боиси сарфарозист, ки бозингари беҳтарини мусобиқа дастпарвари мактаби мазкур Комилчон Комилов дониста шуд. Зеро ӯ то охири мусобиқа муваффақ гашт, ки 8 голро ба дарвозаи ҳарифон ворид созад. Комилчон бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии Федератсияи футболи Точикистон қадршиносӣ гардид. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в.Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.