Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «ҲХДТ» дар 4/1-финали «Ҷоми шаҳрдорӣ-2016»

«ҲХДТ» дар 4/1-финали «Ҷоми шаҳрдорӣ-2016»

22-05-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 323 нафар
Назарҳо: 0
«ҲХДТ» дар 4/1-финали «Ҷоми шаҳрдорӣ-2016»
Субҳи 21 майи соли равон дар майдони варзишии шаҳраки Маяковскии ноҳияи Синои пойтахт мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми шаҳрдорӣ-2016» оғоз гардид.

Дар маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур ҳайати доварону ташкилкунандагони мусобиқа, дастаҳои иштирокчӣ ва доираи васеи мухлисону ҳаводорони футбол ҳузур доштанд.

Пас аз садо додани суруди миллӣ Аббос Саймуддинов, сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ба сухан баромада, нахуст миннатдории худ ва ташкилкунандагони мусобиқаро ба иштирокчиён барои ширкат варзиданашон дар мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми шаҳрдорӣ-2016» баён намуд. Мавсуф инчунин изҳор дошт, ки мусобиқаи мазкур дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии пойтахт дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 20-рӯзи ҷавонӣ миёни кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, вазорату идораҳо ва корхонаҳо гузаронида мешавад.

Ҳамзамон зикр гардид, ки ҳадаф аз баргузории чунин чорабинӣ тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва ҷалби сокинон ба машқҳои пайвастаи варзишӣ ва таҳкими дӯстӣ, робитаҳои ҳамкорӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ миёни кормандони ташкилоту муассисаҳои пойтахт мебошад.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин мусобиқа соли ҳаштум аст, ки доир мегардад. Дар мусобиқаи имсола 16 даста дар чор гуруҳ миёни ҳам қувваозмоӣ мекунанд.

Дар асоси қуръапартоӣ дастаи, «ҲХДТ» (Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон) мебоист дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои «Мудофиа»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Эсхата»-и Бонки Эсхата ва «Шоҳмансур»-и мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур қувваозмоӣ менамуд. Аммо бо сабабҳои номаълум дар ин гуруҳ ду даста – «Мудофиа» ва «Эсхата» ширкат накарданд. Ҳамин тариқ, дастаҳои «ҲХДТ» ва «Шоҳмансур» бо имтиёзҳои баробар миёни ҳам қувваозмоӣ карданд. Сабқат миёни ин дастаҳо субҳи 24 май баргузор гардид. Ҳар ду даста ҳам барои пешсаф шудан дар гурӯҳ талош намуданд ва дар натиҷа бозӣ бо ҳисоби 4-4 анҷом ёфт. Аз сабаби оне ки имтиёзҳои ҳар ду даста якранг буд, бо амри довар дастаҳо ба дарвозаи якдигар сетоӣ зарбаи озод заданд, ки дар натиҷа дастаи «ҲХДТ» бо ҳисоби 3-2 (7-6) дастболо гардид.

Ҳамин тариқ, мувофиқи низомномаи мусобиқаи мазкур, рӯзи 29 майи соли равон дастаи «ҲХДТ» бо дастаи ғолиби ҷои дуюми гуруҳи «Г» ва дастаи «Шоҳмансур» бо дастаи ғолиби ҷойи якуми ин гурӯҳ қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки дастаи «ҲХДТ» соли гузашта, бори нахуст дар ин мусобиқа ширкат варзид ва бидуни бохт ба финал роҳ ёфт, вале дар бозии ниҳоӣ ғайричашмдошт шикаст хурда, мақоми дуюмро касб карда буд.
И. Тоҳир
«ҲХДТ» дар 4/1-финали «Ҷоми шаҳрдорӣ-2016»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: