Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » БОЗИИ БИДУНИ ГОЛ

БОЗИИ БИДУНИ ГОЛ

24-02-2016, 12:10
Хабарро хонданд: 334 нафар
Назарҳо: 0
БОЗИИ БИДУНИ ГОЛҚаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар даври аввали сабқати интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2016 бозиро бо тими «Ал-Файсалӣ»-и Урдун, барандаи дукаратаи Ҷоми AFC, бидуни гол анҷом дод.

Ин бозӣ бегоҳии рӯзи сешанбе, 23-юми феврали соли равон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор гардид. Бозиро беш аз 8 ҳазор нафар мухлисӣ карданд. Доварони бозӣ бошанд бо раҳбарии довари ФИФА Во Мин Три аз Ветнам буданд.

Дар нимаи аввали сабқат футболбозони урдунӣ нисбат ба дастаи мизбон фаъолтар буданд. Зеро дар ин қисмати дидор чанд маротиба дар назди дарвозаи ҳарифони худ ҳолатҳои хуби голзаниро ба вуҷуд оварданд, вале Никола Стошич, дарвозабони тими «Истиқлол» тавонист, ки дарвозаашро аз гол эмин нигоҳ дорад. Мухлисону ҳаводорони футбол дар ин қисмати бозӣ бартарияти футболбозони дастаи «Ал-Файсал»-ро дар он медиданд, ки дар дақиқаҳои 4 ва 15-уми бозӣ ду зарбаи ҳамлагари ин даста ба сутуни дарвозаи «Истиқлол» бархӯрд.

Нимаи дуюми сабқат бозигарони дастаи «Истиқлол» суръати бозии худро тезонида, тӯбро бештар бо худ гирифтанд ва дар ин қисмати дидор аз ҳарифони худ дида зиёдтар ҳолатҳои голзаниро ба вуҷуд оварданд. Дақиқаҳои охири бозӣ барои мухлисони футбол хеле ҳаяҷоновар буд, футболбозони тоҷик зуд-зуд ба ҳуҷум мегузаштанд, вале ҳеҷ як ҳамлаи онҳо ба гол анҷом наёфт
.
Ёдовар мешавем, ки тими «Истиқлол»-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, «Ал-Файсал»-и Урдун ва «Триполи»-и Лубнон рақобат мекунад.

Дастаи «Истиқлол» дар бозии навбатии худ рӯзи 8-уми марти соли равон дар меҳмонӣ бо «Триполи»-и Лубнон вориди майдон мешавад.
И.ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: