“Шоҳнома” ва “Тоҷикон дар оинаи таърих” китобҳои рӯимизии афсарон30-05-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 314 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар қисми низомии 13483 “Д”-и шаҳри Кӯлоб Аксияи ватандӯстонаи ҳизбӣ таҳти унвони “Китоби “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!” баргузор гардид. Аксияи мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои “25 - ҳафтаи “Созандагони Ватан”” доир гардида, ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.
Дар Аксия-чорабинии мазкур бо ҳайъати фармондеҳӣ ва афсарону сарбозони қисми низомии 13483 “Д”-и шаҳри Кӯлоб раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева, директори Телевизиони Кӯлоб Бозорзода Сафаралӣ, шоҳномашинос Зафар Мирзоев ва роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидов бо иқтибос аз шоҳасарҳои миллат – “Шоҳнома” ва “Тоҷикон дар оинаи таърих” перомуни миллатдӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихор аз гузаштаву имрӯзаи давлатдории миллатамон суханронӣ намуданд. Дар идома аз тарафи ихтиёриёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба иштирокчиён порчаҳои назмиву насрӣ хонда шуда, саҳнаҳои ибратомӯзи ватанпарварона манзур карда шуд. Ҳамзамон, аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба қисми ҳарбӣ як адад телевизор ва ҳамчунин як адади дигар магнитофон туҳфа карда шуд. Дар охир, Командири қисми низомӣ подполковник Сайвалиев Илҳом ба сухан баромада, изҳор дошт, ки баргузор намудани чунин чорабиниҳо афсарону сарбозонро беш аз пеш руҳбаланд гардонида, дар баланд гардидани сатҳи маънавӣ ва эҳсоси ватандӯстиашон мусоидат менамояд. Мавсуф қайд намуд, ки “Шоҳнома” ва “Тоҷикон дар оинаи таърих” китобҳои рӯимизии афсарон буда, онҳо аз ин асарҳо дарси хештаншиносӣ меомӯзанд. Зимнан, дар назар дошта шудааст, ки дар қисми низомии мазкур китобхонае фаъол карда шавад, то сарбозону афсарон дар вақтҳои муайян аз он истифода баранд ва дар баробари машқу тамрини ҳарбӣ аз лиҳози маънавӣ низ мусаллаҳ бошанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.