Тоҷикон дар ойинаи таърих17-03-2016, 13:09
Хабарро хонданд: 359 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак тибқи дастуру супориши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронидани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!» -ро ба роҳ мондааст.
Аксияи мазкур тибқи «Низомнома» ва тартиби баргузории он гузаронида шуд. Қироати порчаҳои назмӣ аз «Шоҳнома»-и А.Фирдавсӣ ва порчаҳои насрӣ аз «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қироат карда шуда, симоҳои персонажҳои Рустаму Суҳроб, Таҳминаро намоиш доданд. Аз тарафи китобхонаи мактаб китобҳои «Шоҳнома»-и А.Фирдавсӣ ва асарҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба намоиш гузошта шуданд. Хонандагони хушзавқ шеърҳои ватандӯстона ва Тоҷикистони азизро бо оҳанг васф карда, бо рақсҳои дилнишинашон иштирокчиёнро болидахотир гардониданд. Дар фарҷом мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Муслима Ғуриева баҳри чунин баргузории Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва китоби «Тоҷикон дар ойинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро мехонем» минатдории Кумитаи иҷроияи шаҳриро ба омӯзгорон ва хонандагоне, ки дар ин чорабинӣ фаъолона ширкат варзиданд, расонид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.