Маҳфили Рӯзи модар9-03-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 363 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар бахшида ба Рӯзи модар бо фаъолзанон роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, саҳмдорон, омӯзгорон, табибон маҳфили идона баргузор намуд. Дар ин маҳфил раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон А. Ализода иштирок намуда, фаъолзанони ҳизбиро бо ҷашни фархунда табрику муборакбод намуд.
Дар қисми дигари чорабинӣ иштирокчиёни беҳтарини Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Китоби “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ва китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих –и Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!” барномаи ҷолиби диққатро ба ҳозирин намоиш доданд. Дар интиҳои чорабинӣ ба занони пешқадам туҳфаҳои идонаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар тақдим карда шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.