Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таҷлили Наврӯз идома дорад

Таҷлили Наврӯз идома дорад

30-03-2016, 14:05
Хабарро хонданд: 365 нафар
Назарҳо: 0
Таҷлили Наврӯз идома дорад
Чорабиниҳои наврӯзӣ дар ноҳияи Бохтар бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида истодаанд. Дар наврӯзгоҳи ноҳия бахшида ба НАВРӮЗ намоиши маҳсулотҳои хоҷагии халқ, дастурхони наврӯзии “ҳафтсин” ва “ҳафтшин”, суманак, хӯрокҳои наврӯзӣ пешкаш гардид.

Дар ҷашнвора раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор суханронӣ намуда, дар боби қадр ва манзалати Наврӯз дар ҷомеа ибрози андеша намуд.

Ҳамзамон, дар ҷашнвора Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!” баргузор гардида, ба иштирокдорони ҷашни тантанавӣ зиёда аз 700 адад буклети наврӯзии “Таърихи ҷашни Навӯз дар китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон” дастрас карда шуд.

Дар қисми дигари чорабинӣ хатнасури 100 нафар кӯдакон ва тӯйи домодиву арӯсии 10 ҷуфт навхонадорон баргузор гардида, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Таҷлили ҷашни Наврӯз то ҳол идома дошта, дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия ва дар маҳаллаҳо баргузор шуда истодаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: