Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Идомаи Аксияи ҳизбӣ

Идомаи Аксияи ҳизбӣ

20-05-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 274 нафар
Назарҳо: 0
Идомаи Аксияи ҳизбӣДар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и шаҳри Кӯлоб Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!» доир гардид.

Дар Аксияи мазкур раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, ховаршинос Зафари Мирзоён, мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Раҳмонов Абдулманон, устоди Донишкадаи технологӣ, менеҷмент ва иноватсионии шаҳри Кӯлоб Нозим Талаб, директори китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб Обидов С. иштирок ва суханронӣ карданд.

Баъд аз суханрониҳо мутобиқи шаҳртҳои Аксия хонандагони ин муассисаи таълимӣ намоиши достони «Рустам ва Суҳроб», қироати порчаҳои шеърӣ аз рӯи китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, инчунин дар васфи Ватан, Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, намоиши рақс ва либосҳои миллӣ баромадҳо аз китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешкаши ҳозирин гардониданд.

Бояд ёдовар гашт, ки бо мақсади ба таври васеъ тарғиб ва муаррифии рушди соҳаҳои афзалиятноки давлатӣ, дастгириву тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, боз ҳам наздиктар ба мазмуну муҳтавои ин асарҳо шинос намудани ҷавонон ва равона сохтани онҳо ба омӯзиши ин ду шоҳасар, Аксияи мазкур доир гашта истодааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: