Аксияи ҳизбӣ7-04-2016, 09:30
Хабарро хонданд: 423 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи нақшаи комиссияи кор бо ҷавонони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, ҷиҳати баргузории Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Китоби “Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва китоби “ Тоҷикон дар оинаи таърих”-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!” дар қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки толибилмони коллеҷи тиббӣ, литсейи касбӣ-техникӣ ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии рақамҳои 1 ва 17-и ноҳия қироати шеър аз шоҳасари безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва саволу ҷавоб аз китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Дар оғози баргузории чорабинӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова ба сухан баромада, қайд намуд, ки мақсад аз баргузории ин чорабинӣ арҷгузорӣ ба фарҳангу таърихи пурғановати миллати тоҷик, ифтихор аз гузаштагону донистани таърихи миллат мебошад. Дар ҷамъбасти чорабинӣ ҳайати доварон ғолибонро муайян намуда, бо туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва Ифтихорномаҳо сарфароз гардониданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.