25-иқдоми ТҶҶ «Созандагони Ватан» Ҳафтаи «Осори таърихии миллат»21-05-2016, 11:10
Хабарро хонданд: 304 нафар
Назарҳо: 0
Хушбахт давлату миллатест, ки бо дарки масъулияти баланд соҳибқудратии ҷавононашро эътироф намуда, қувваи бузурги онҳоро сӯйи ояндасозӣ роҳнамоӣ менамояд.
Ташкил ва бунёд гардидани ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» низ дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар яке аз иқдомҳои наҷиб ва боварӣ ба насли ҷавон ва ояндаи миллат мебошад. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ёвон таҳти унвони 25-ҳафтаи созандагию ободонии Ватан, бахшида ба ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 16 то 21 майи соли равон дар ноҳия бо мақсади тамошои осорхонаҳо ва ҷойҳои таърихии ноҳия ҳафтаи «Осори таърихии миллат» эълон гардида, ҳамарӯза ҷавонон аз мавзеъҳои таърихӣ ва осорхонаи ноҳия дидан намуда истодаанд. Бо ташаббуси бевоситаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» санаи 17 майи соли равон бо иштироки аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва донишҷӯёни литсейҳои касбӣ – техникӣ ва Коллеҷи тиббии ноҳия дар маркази ноҳия роҳпаймоии идона баргузор гардид. Ҷавонон дар даст шиору овезаҳои даъватӣ бахшида ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ва Парчамҳои рамзию ҳизбӣ дар маркази ноҳия роҳпаймоӣ намуда, ҳамзамон ба сокинони ноҳия ба миқдори 1000 адад маводҳои таблиғотӣ оиди баргузории раъйпурсӣ тақсим намуданд. Роҳпаймоии ҷавонон то бинои осорхонаи кишваршиносии ноҳия идома ёфт. Сипас, ҷавонон аз осорхонаи кишваршиносии ноҳия дидан намуда, аз бозёфтҳои таърихии асрҳои гуногун шинос гардида, барои худ таассуроти зиёде бардоштанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.