Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Таҷлили 23-юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсоз аз ҷониби ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Б. Ғафуров

Таҷлили 23-юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсоз аз ҷониби ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Б. Ғафуров

17-11-2015, 13:29
Хабарро хонданд: 513 нафар
Назарҳо: 0
Таҷлили 23-юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсоз аз ҷониби ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Б. ҒафуровСанаи 16 –уми ноябри соли равон бахшида ба 23-умин солгарди Иҷлосияи ХVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ибтикори кумитаи иҷроияи ноҳияви ва намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Б.Ғафуров экскурсияи сайёҳ дар макони баргузории ин Иҷлосияи тақдирсоз, Қасри маданияти Арбоб баргузор гардид. Аъзоёне, ки дар хониш бо баҳои хубу аъло таҳсил кардан ва дар корҳои ҷамъияти фаъол буданд, ҷалб карда шуданд.
Сараввал роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Б.Ғафуров Ф.Ҳоҷиев дар мавзӯи “Иҷлосияи ХVI – уми Шӯрои Олӣ раҳнамои ваҳдату ягонагии халқи тоҷик ” баромад карда, қайд кард, ки Иҷлосияи мазкур дар як давраи бисёр ҳассоси таърихӣ муайян намуда, давлати моро аз хатари аз байн рафтан ва миллатамонро аз пароканда шудан наҷот бахшид. Аз ин лиҳоз, ин санаи фархунда барои мо ҷавонон ҳам мояи ифтихор ва ҳам масъулияти бузург ба хотири ояндаи нек мебошад. Ҳамчунин мавсуф изҳор дошт, ки маҳс дар ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз халқи тоҷик роҳбар ва пешвои миллати хешро дарёфт, ки бо суханони “Ман ба Шумо сулҳ меорам ва агар дар ин роҳ лозим ояд чонамро фидо мекунам” роҳбарии давлати ҷавони соҳибистиқлолро ба ӯҳда гирифт.
Инчунин, муовини Муассисаи давлатии Қасри маданияти Арбоб Дадобоев Ҳ. дар бораи аҳамияти таърихии Иҷлосияи тақдирсоз муфассал истода гузашт.
Сипас, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо осорхонаи Иҷлосияи XVI –ум шинос гардида, як ҷаҳон маъни бардоштанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: