Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Раъйпурсӣ ва ҷавонон

Раъйпурсӣ ва ҷавонон

13-05-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 314 нафар
Назарҳо: 0
Раъйпурсӣ ва ҷавононИқдоми хуб ва андешамандонаи ба тариқи умумихалқӣ қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд ба ҳукми анъана даромадани муҳокимаи масъалаҳои сарнавиштсоз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ нишонаи пойдорӣ ва мавҷудияти демократия дар ҷомеа аст.

Имрӯз ҷавонони соҳибтамаддун бе ягон дудилагӣ гуфта метавонанд, ки бунёди давлати демократӣ ва дунявии Тоҷикистон ба ҳамин заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ такя мекунад.

Воқеан ҷавонони даврони соҳибистиқлоли кишвар насли хушбахти замони хеш мебошанд, ки шоҳиди бахти баланди миллат гардидаанд.

Рӯзи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ наздиктар мешаваду омодагиҳо дар ин самт бештару ҷиддитар мегардад.

Бо ин мақсад дар асоси ҷадвали баргузории Аксияҳои ҳизбӣ ин маротиба аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар боғи Ғалаба ва маркази ноҳия бо иштироки васеи ҷавонон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Мо ҷавонон барои ояндаи боамну озодиву ободии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон ва осудагиву хушбахтии худ раъй медиҳем!» баргузор гардид. Дар Аксия аз ҷониби аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба миқдори 3000 маводҳои таблиғотӣ ва даъватӣ оиди баргузории раъйпурсии умумихалқӣ тақсим ва дастраси ҷавонон карда шуд. Ҳамзамон ба донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ, литсейҳои касбӣ – техникӣ, ки синнашон ба 18 расидаасту ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок карданро доранд, маводҳо тақсим карда шуд.

Ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонуни бахти миллат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба манфиати аҳли ҷомеа, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, бардавомии давлат ва ояндаи дурахшони ҷавонони диёр аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: