Ёвон: Ҷавонон созандгони имрузу фардои Ватан3-12-2015, 11:17
Хабарро хонданд: 335 нафар
Назарҳо: 0
Таърих гувоҳ аст, ҳар давлате, ки соҳибқудратии ҷавононашро эътироф менамояду неруи созандаи онҳоро суи ояндасозӣ раҳнамоӣ менамояд, давлати пурқудрату ояндадор аст. Маҳз аз ҳамин лиҳоз Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳояшон соҳибқудратии ҷавононро эътироф менамояд ва онҳоро ояндаи давлат ва миллат арзёбӣ мекунад.
Имрӯз 70%-и аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ноҳияи Ёвон 93506 нафар аҳолии ноҳияро ҷавонони аз синни 14 то 30 сола ташкил медиҳад. Ҷавонони ноҳияи Ёвон сиёсати созандаи ҲХДТ–ро дар сатҳи маҳал ҳаматарафа дастгирӣ намуда истодаанд. Имрӯз метавон иштироки фаъолонаи ҷавононро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мушоҳида ва баҳогузорӣ намуд. Ҷонибдории ҷавонони ноҳия имрӯз аз ҲХДТ афзуда истодааст. Ин буд, ки тайи ҳафтаи охир зиёда аз 300 нафар ҷавонони ноҳия ба сафи ҲХДТ шомил гардиданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.