Ҳафтаи боздид аз осорхонаҳо19-05-2016, 18:00
Хабарро хонданд: 419 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон дар доираи 25 ҳафтаи корҳои созандагию ободонии Ватан, аз 16 то то 21 майи соли равон «Ҳафтаи боздид аз осорхонаҳо» эълон гардидааст. Дар ҳамкорӣ бо КИИ «Устод» ва ТИҲ «Фарҳангчиён» дар давоми ҳафта мактаббачагони ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот аз Осорхонаи марказии шаҳр, Осорхонаи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва Осорхонаи Мирзо Турсунзода, ки дар зодгоҳаш - деҳаи Қаратоғ воқест, боздид ба амал меоянд.
Дар Осорхонаи марказии шаҳр тибқи нақша – чорабинӣ нахустин боздид ба вуқуъ пайваст. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода Шерзод Зиёдуллоев моҳияти ин чорабиниро ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ шарҳ дода, афзуд ки ин чорабинӣ дар ташаккули меҳандустиву худшиносии насли наврас мусоидат мекунад. Дар анҷоми чорабинӣ бо сарварии Шерзод Зиёдуллоев хонандагон бо нигораҳои осорхона аз наздик шинос шуданд. «МХ» |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.