Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Раҳпаймоӣ бахшида ба Рӯзи раъйпурсӣ

Раҳпаймоӣ бахшида ба Рӯзи раъйпурсӣ

20-05-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 292 нафар
Назарҳо: 0
Раҳпаймоӣ бахшида ба Рӯзи раъйпурсӣ
Тавре ба мо раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллоев иттилоъ дод, тибқи нақшаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бахшида ба Рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ роҳпаймоӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 1000 нафар ҳизбиёну ҷавонони ноҳия-аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» фаъолона иштирок доштанд.

Қабл аз оғози роҳпаймоӣ мудири шуъбаи ташкилии кумитаи иҷроия Соҳиба Бобоева ба сухан баромада, зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи рушду устувори ҷомеа, сухан ронд.

Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ҳамчун яке аз конститутсияҳои беҳтарин эътироф гардидааст. Мавсуф аз дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, гуфт, ки «Ҷаноби Олӣ борҳо дар баромаду вохӯриҳои худ таъкид менамоянд мо ҳаргиз ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода ҳамчун аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» саҳми худро бар пешбурд траққиёти ҷомеа гузорем».

Мавсуф иштирокчиёни чорабиниро даъват намуд, ки нисбати ҳаёти сиёсии Ватани азизамон бетараф набошанд. Рӯзи 22 май ба қитъаҳои раъйпурсӣ рафта, барои мукаммалгардонӣ ва ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ будани Конститутсияамон раъйи худро диҳанд.

Рӯзи дигар 1500 адад маводҳои таблиғотӣ оид ба баргузории Рӯзи раъйпурсӣ ва зарурати қоидаҳои иштирок дар он ба сокинони ноҳия тақсим карда шуд.

Дар ноҳияи Спитамен 1 ҳавзаи раъйпурсӣ, 41» ва 30 участкаҳои раъйдиҳӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ омодагӣ мебинанд. Санаи 22 май бояд наздики 60 ҳазор нафар сокиноне, ки ҳуқуқи иштирок дар раъйпурсиро доранд, ба участкаҳои интихоботӣ омада, мавқеи худро оид ба тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни кишвар муайян созанд.
М.Мақсудов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: