Омодагиҳо ба раъйпурсии умумихалқӣ22-02-2016, 13:30
Хабарро хонданд: 429 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзи 15 феврали соли равон, аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР) зимни баргузории як ҷаласаи вижа, нақшаи тақвими чорабиниҳои асосии марбут ба омодагӣ ва гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуданд.
Тавре аз дафтари матбуоти КМИР иттилоъ доданд, дар ҷаласаи мазкур, ки таҳти раёсати Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар доир гардид, таъкид шуд, ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар барои рушди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва равандҳои рушди демократикунонии ҷомеа, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва кафолати риояи ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд. Зикр шудааст, ки бо мақсади иҷрои моддаи 17-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳудуди кишвар барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22 май таъйин гардидааст, 68 ҳавзаи раъйпурсӣ созмон дода мешавад. Ҳамзамон дар ҷаласа номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки дар давраи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби комиссияҳои раъйпурсӣ истифода мегарданд, муайян шудаанд. Гуфта мешавад, ки бо мақсади инъикоси ҳамаҷонибаи ҷараёни омодагӣ ва баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ - раъйпурсии умумихалқӣ Маркази иттилоотии КМИР ва оид ба ҳалли саривақтии арзу шикоятҳо гурӯҳи кории дахлдори КМИР таъсис дода шуданд. Ёдовар мешавем, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.