Баргузории Аксияи ТҶҶ «Созандагони Ватан»12-05-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 498 нафар
Назарҳо: 0
Дар ноҳияи Вахш Аксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Барои ояндаи боамну озодиву ободии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон ва осудагиву хушбахтии худ овоз медиҳем!» вобаста ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Гуруҳи таблиғотӣ аз ҳисоби ҷавонон, занон, фаъолон, собиқадорони ҳизб ва меҳнат, кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар кормандони ташкилотҳо иштирок намуданд. Ба мардум маводҳои таблиғотӣ тақсим карда шуда, онҳоро барои иштирок дар раъйпурсӣ даъват намуданд. Чорабинии номбурда бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, ТҶҶ «Созандагони Ватан», омӯзгорони ҷавон аз МТМУ баргузор гардид. Маводҳои таблиғотӣ зиёда аз 3000 адад дар деҳаҳо ва бозорҳо ба ҷавонон ва иштирокчиёни номбурда тақдим карда шуд.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.