Вохӯрию мулоқотҳо оид ба раъйпурсии умумихалқӣ дар НБО Роғун19-05-2016, 11:30
Хабарро хонданд: 296 нафар
Назарҳо: 0
![]() Сипас суханро ба Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҶСК «НБО Роғун» Сайдулло Абдулаҳадов дод. Мавсуф дар баромади худ қайд намуд, ки 6-уми ноябри соли 1994 мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қонуни сарнавиштсоз ва муқаддаси миллӣ, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки иборат аз 10 боб ва 100 модда мебошад, қабул намуданд. Дар Конститутсияи мо 2 маротиба 26 сентябри соли 1999 ва 22 июли соли 2003 ба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Зикр гардид, ки мақсади асосии ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими сулҳу субот, ҷалб намудани ҷавонон ба сиёсат ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Бинобар пешрафти ҷомеа ва тақозои замон зарурияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш омадааст. Яке аз ҳадафҳои асосии тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда покизаву беолоиш нигоҳ доштани забони ноби тоҷикӣ аст, зеро бақои миллат аз забони вай вобастагии қавӣ дорад. Забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҷойгоҳу мақоми сазовори худро ишғол намуда, инкишоф меёбад. Ҳамчунин ба инобат гирифтани қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ ва ислоҳ даровардан ба истилоҳҳо ва ибораву калимаҳо ба 40 моддаи Конститутсия низ ба рушди забони давлатӣ ва мукаммал гардонидани вожаву таркиботи он ба талаботи имрӯза хело мувофиқ мебошанд. Сипас, тамоми ҷузъиёти тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дода, иштирокдоронро даъват намуд, ки бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар ташкилоту қитъаҳои корӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд ва рӯзи 22 майи соли 2016 дар Раъйпурсии умумихалқӣ фаъолона иштирок намоянд. Баъдан, оиди нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва экстремистиву террористӣ муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун Махфират Давлатова баромад намуда, қайд намуд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи ҳодисаҳоест, ки барои амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунад. Мутаассифона, дар ин ҷангҳои бемаънӣ баъзе аз ҷавонони гумроҳгаштаи ҷумҳуриямон низ ҷони худро дар хатар гузошта, дар Ироқу Сурия иштирок доранд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист, Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Мо ҳамеша ба суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Дар хотима раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Қитъаи хоҷагии барқ Тоҷиддин Холов барои ташкили чунин вохӯрии судманд, изҳори миннатдорӣ баён намуда, маҷлисро ҷамъбаст намуд. Маъруфи Бобораҷаб |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.