Ҷилваи ҳусн6-04-2016, 15:40
Хабарро хонданд: 292 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, дар толори Қасри фарҳанг, фестивали намоиши либосҳои миллӣ, таҳти унвони «Ҷилваи ҳусн»-ро бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 22-солагии ҲХДТ дар ҳузури беш аз 500 нафар занон ва ҷавонон гузарониданд.
Мақсад аз баргузор намудани ин озмун нигоҳдорӣ ва эҳёи асолати миллӣ, фарҳанги либоспӯшӣ, муаррифии расму анъанаҳои халқӣ ва инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин ҷода мебошад. Дар ин чорабинӣ намоиши либосҳои кӯдакона, либосҳои ҳаррӯза, либосҳои расмӣ ва либосҳои идона ба роҳ монда шуда, ҳамчунин рақси «Кӯдакони хушбахт» ва сурудҳои «Кабки хушрафтор», «Гулдӯзӣ» ва «Шаҳ ҷонаки ҷон» манзури тамошобинон карда шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.