
Имрӯз, 12-уми октябр, бахши бонувон ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ-фарҳангии худро бахшида ба рӯзи байналмилалии духтарон ва Соли оила баргузор намуд.
Дар чорабинии мазкур Зулфия Давлатзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зуҳро Асророва, мутахассиси шуъбаи умумии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷаб Раҷабов, ноиби ректор оид ба илми донишгоҳ, Ҷамила Ғафурова, роҳбари Бахши бонувон ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Наҳтулло Назаров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино иштирок ва суханронӣ намуданд.
Пас аз ифтитоҳи чорабинӣ Зулфия Давлатзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, диққати ҳозиринро ба як қатор масъалаҳои муҳиму ҳалталаб марбут ба ҳаёти занону духтарон ва тарзи зиндагии онҳо дар оиладорӣ ҷалб намуд. Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Роҳбари давлат ба фаъолияти занону ҷавонон эҳтироми хоса зоҳир менамоянд. Дар якчанд барномаҳои давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳо дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила бештар гардонида шудааст.
Ҳамчунин зимни суханрони мавсуф нисбат ба масъалаи пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол ба сол зиёд гардида истодааст, қайд намуда, оиди маълумоти оморӣ низ ибрози андеша кард ва таҳлилҳои омории зеринро пешниҳод намуданд: соли 2014 аз 95500 ақди никоҳи ба қайд гирифташуда, 9 ҳазори он бекор шудааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 9,5 фоиз зиёд аст. Сабаби ин ҳолатро, пеш аз ҳама, дар омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона арзёбӣ намуд.
Дар заминаи ин, нисбат ба никоҳи хешутаборӣ ва оқибатҳои он сухан карда шу два дар ин росто маълумоти зерин пешниҳод карда шуд. Дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то синни 18-сола аз ҷониби давлат нигоҳубин мешаванд, ки бештари ин кӯдакон маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ ва аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд.
Ҳамин тариқ, бо суханронии чанд нафар аз меҳмонон, қисмати расмии чорабинӣ ба анҷом расид. Баъдан қисмати фарҳангии вохӯрии мазкур оғоз гардид. Дар ин қисмат, намоиши либосҳои миллӣ, қироати шеърҳо дар васфи зану модар, таронаҳо дар васфи Ватан ба манзури меҳмонон ва ҳозирин гардонида шуд.
©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Сино