Озмуни «Оилаи намунавии соли 2015» ҷамъбаст шуд19-10-2015, 11:35
Хабарро хонданд: 556 нафар
Назарҳо: 0
Дар Маркази фарҳангиву фароғатии “Навгилем”-и шаҳри Исфара даври ҷамъбастии озмунҳои «Оилаи намунавии соли 2015» ва «Солномаи оила» баргузор гардид. Ширкатдорони ин маҳфил сароғоз аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки бо ғановату рангорангии маҳсули дастони ҳунармандони таваҷҷуҳангези умум буд, дидан намудаву таассуроти нек ба худ гирифтанд.
Баргузории даври ҷамъбастии озмунҳои мазкур тақвиятбахшандаи иқдомот ва идомабахши силсилаи тадбиру чорабиниҳои мафкуравӣ ва маҳфилу озмунҳои фарҳангиву ҳунариест, ки дар доираи амалигашти муқаррароти Фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Соли Оила эълон намудани соли 2015 ва иҷрои қарорҳои марбутаи раисони вилоят ва шаҳр давоми соли равон дар қаламрави шаҳру деҳоти Исфара рӯйи кор омадаанд. Дар раванди маҳфил ғолибони озмунҳо ва шахсияти оилаҳои беҳтарину намунавӣ аз рӯйи 4 номинатсия – «Оилаи эҷодкор» - оилаи суханварон Пӯлодовҳо, «Оилаи эҳёгари анъанаҳои миллӣ» - оилаи зардӯзон Ортуқовҳо, «Оилаи ҳунарманд» - оилаи гаҳворасозон Усмоновҳо ва «Оилаи ҷавон» - оилаи Абдусатторовҳо дар сатҳи шоиста муаррифӣ гардиданд. Маросими тантанавии ба қайди давлатӣ гирифтани никоҳи 10 ҷуфт наварӯсон ва қайди тантанавии таваллуди 5 кӯдаки навзод бо шукуҳи хоса сурат гирифта, ба навхонадорон дастури «Роҳнамо барои никоҳшавандагон» ва ба волидайни тифлакони навзод «Роҳнамо ба падару модари ҷавон» якҷоя бо туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр ва ҳам ба 10 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат либосҳои миллии тӯёна тақдим карда шуданд. Намоиши либосҳои идонаи миллӣ ва арӯсию домодӣ аз ҷониби ғолибони озмуни «Тарроҳи беҳтарини либосҳои миллӣ» низ хушоянди ҳамагон буд. Дар интиҳо шаҳрдори Исфара ғолибон ва ширкатдорони фаъолу муваффақи озмунҳои «Оилаи намунавии соли 2015», «Солномаи оила», «Иншои беҳтарин» ва ҳам «Расми беҳтарин»-ро бо Диплому Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ сарфароз гардонид. Бояд тазаккур дод, ки қаблан дар шаҳр озмунҳои шаҳрии «Фарҳанги оиладории ҷавонон», «Иншо ва Расми беҳтарин дар мавзӯъи «Оилаи ман - ифтихори ман», тантанаи Рӯзи байналмиллалии оила бо ширкати 11 ҷуфт оилаҳои хушбахту намунавии Исфарамарз ва ахиран озмуни «Тарроҳи беҳтарини либосҳои миллӣ» бо сабқати 46 нафар тарроҳону амсиласозони шаҳр тавассути ҷалби 140 нафар иштирокчиён муташаккилона ва муассиру хотирмон баргузор гардиданд, ки ҷиҳати беҳдошти вазъият дар самти оиладорӣ ва густариши фарҳанги хонаводагии оилаҳои ҷавон мусоидатгар буданд. ©КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.