Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Симои миллии зани тоҷик

Симои миллии зани тоҷик

25-02-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 445 нафар
Назарҳо: 0
Симои миллии зани тоҷикБо ташаббуси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон озмуни «Симои миллии зани тоҷик» баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории озмуни номбурда тарғиби либосҳои миллӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми зан-модар дар ҷомеа, дарёфти чеҳраҳои нав дар ҷодаи ҳунар, тарбияи ҷавондухтарон дар руҳияи зебопарастӣ ва ҳидояти насли ҷавон ба эҷодкориву созандагӣ мебошад.

Озмуни мазкур аз намоиши либосҳои кӯдакона, либосҳои миллӣ, либосҳои расмӣ, сурудхонӣ ва дигар шартҳо иборат аст. Озмун дар байни донишҷӯёниДонишгоҳи давлатии Кӯлоб, Донишкадаи технологӣ ва менеҷментии новатсионии Кӯлоб, Коллеҷи тиббӣ ва Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб доир гардид.

Озмун дар рӯзи Иди зан-модар 8-уми марти соли ҷорӣ ҷамъбаст мегардид ва иштирокчиёну ғолибонаш бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳои таъсис намудаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида мешаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: