Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолият ва 22-солагии ҲХДТ17-03-2016, 17:30
Хабарро хонданд: 320 нафар
Назарҳо: 0
![]() Дар рафти чорабинӣ шеъру сурудҳо дар боби Истиқлолият, ҲХДТ, созандагӣ ва васфи диёр пешкаши сокинони шаҳри Кӯлоб карда шуд. Пеш аз ҷамъбасти чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул вобаста ба дастовардҳои халқи тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ баромад намуд. Дар поёни чорабинӣ ба як қатор фаъолон Ифтихорномаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.