Дар Кохи фарҳангии ноҳияи Бохтар бахшида ба ҷамъбасти Соли оила чорабинии фарҳангию маърифатӣ доир гардид. Ба ин муносибат намоиши ҳунарҳои халқӣ, аз қабили либосҳои миллӣ, сӯзаниву чакандӯзиҳо, пухту паз, таомҳои миллӣ ва асбобҳои рӯзгор пешкаши иштирокчиёни ҷамъомад карда шуд.
Дар ҷамъомад муовини раиси ноҳия Нурмаҳмадзода К, мудири САҲШ-и ноҳия Холиқзода Г. ва меҳмонон баромад намуда, оид ба маърифату фарҳанги оиладорӣ, дастуру супоришҳои Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, расму оин ва суннатҳои оиладорӣ рӯ овардани баъзе занон ба либосҳои ғайримиллӣ ва расму оинҳои оиладорӣ қайд намуданд.
Ҳамзамон, оилаҳои намунавию беҳтарин навхонадорон, занҳои таҷрибаи зиндагӣ андӯхта ва занону ҷавонони пешқадам ба ҳозирин аз ҳаёти осоиштаи худ, зиндагии пурнишот ва нақши оилаи солим дар ҷомеа суҳбат доштанд.

Дар қисми дигари чорабинӣ барномаи маърифатию фарҳангӣ бо рақсу сурудҳои дилнишин пешкаш гардида, ба фаъолон ва пешқадамон Сипосномаи раиси ноҳия тақдим карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба 21 нафар занону ҷавонони фаъол дар вазъияи тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бохтар