Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН - АСОСИ ТАҲКИМЁБИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН - АСОСИ ТАҲКИМЁБИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД

1-06-2024, 09:01
Хабарро хонданд: 365 нафар
Назарҳо: 0
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН - АСОСИ ТАҲКИМЁБИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД
Таърихи начандон зиёди даврони соҳибистиқлолӣ собит менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва гузариш аз як сохт ба сохти дигари идоракунӣ масъалаи ташаккул ва баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро бо дарназардошти сохти нави идоракунии давлатӣ ҳадафи асосӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст.
Ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии кишвар қарор гирифтани масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ аз расидан ба ҳадафу мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани ҳама арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз қабили волоияти ҳуқуқ ва қонун ба ҳисоб мерафт.
Зеро, мутобиқ ба муқаррароти “Эъломияи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 24-уми августи соли 1990, ки аз тарафи иҷлосияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум қабул гардида буд, Тоҷикистон Истиқлолияти худро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақили демократию ҳуқуқбунёд эълон намуда буд.
Баъдан истилоҳи “давлатӣ ҳуқуқбунёд” дар баробари соҳибихтиёрию демократӣ ва дунявӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6-уми ноябри соли 1994 тариқи Райъпурсии умумихалқӣ аз тарафи мардуми кишвар қабул шуд, дар моддаи 1 пешбинӣ гардид, ки муқаррароти мазкур ҳамчун заминаи асосии ҳуқуқӣ василаи нисбатан навро дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан ҳуқуқбунёд инъикос намуд.
Пешбинӣ гардидани муқаррарот вобаста ба давлати ҳуқуқбунёд будани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ду санади муҳимми давлатӣ шаҳодати он аст, ки мардуми Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ марҳилаи давлатдории ҳуқуқбунёду демократиро интихоб намудааст.
Ба ақидаи олими ватанӣ Р.Ш.Сотиволдиев, андеша ва назарияи давлати ҳуқуқбунёд таърихи тӯлонӣ дошта, тӯли ҳазорсолаҳо мутафаккирон кӯшиш намудаанд, ки роҳҳои волоияти қонун, ташкили ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, таносуби байни адолат ва ҳокимият, таъмини озодӣ ва ҳуқуқҳои инсонро дар давлат муайян намоянд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 30-юми апрели соли 2004 қайд намудаанд, ки бунёди давлати нави тоҷикон, ки барои халқамон бесобиқа аст, кори танҳо Президент, Ҳукумат ва Маҷлиси Олӣ нест, балки дар маҷмуъ, вазифаи асосии тамоми ҷомеа мебошад. Ҳадафҳои муҳимтарини ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми тоҷик фарҳанги ягонагӣ, фарҳанги сулҳу субот ва созандагӣ, таҳаммул ва инсондӯстӣ, фарҳанги таъмини волоияти қонун, эҳтирому риояи ҳуқуқҳои инсон ва фарҳанги демократия мебошад.
Ба андешаи мо, дар шароити муосири давлатдорӣ яке аз вазифаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд дар баробари масъулияти тарафайни давлат ва шахс ва робитаи ҳуқуқии давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ин ҳифз, риоя ва ҳимояи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад.
Вазифаи мазкур тавассути ҳокимияти олии қонунгузорӣ, иҷроия, судӣ ва фаъолияти дигар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар сатҳи Конститутсия ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд эътироф гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, маънои тобеъ будани фаъолият ва рафтори ҳама мақомотҳои давлатӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муасисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон вобастагӣба ҳуқуқро дорад.
Аз ин ҷост, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат, ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳоро баҳри риояи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ вазифадор намудааст.
Дар асоси меъёрҳои заминавии Конститутсия бошад, дар даврони соҳибистиқлолӣ аз тарафи давлату Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини волоияти қонун, таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд.
Дар ин самт нақши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми апрели соли 1997 №691 “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” бамаврид, саривақтӣ ва назаррас ба ҳисоб мерафт.Зеро худи ҳамон сол ҷиҳати дар амал татбиқ намудани муқаррароти Фармони мазкур Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми августи соли 1997, №383 “Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ” қабул гардид, ки он вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳуриро ҷиҳати таъмин намудани бахшҳои ҳуқуқии дастгоҳҳо бо кормандони ихтисосманд, таъсиси чунин бахшҳо дар сурати набудани онҳо, пай дар пай ташкил ва гузаронидани лексияҳо, суҳбатҳо ва дигар шаклҳои тарғибу ташвиқи қонунгузории ҷумҳурӣ бо ҷалби ҳуқуқшиносон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда, инчунин, баррасии вазъи риояи қонуниятро дар фаъолияти дастгоҳи марказӣ ва умуман, дар вазорату идораҳо, ҳукуматҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои ҳудуди минтақаи дахлдор вазифадор намуд.
Инчунин, қарори мазкур тасдиқ ва қабули Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, ташаккули ҳисси масъулият ва эҳтиром нисбат ба қонунҳо, дарк кардани ягонагии ҳуқуқ ва вазифаҳо ва тайёрии ҳуқуқии кормандони роҳбарикунанда пешбинӣ намуд.
Дар қисми ибтидоии Барномаи мазкур муқаррар гардид, ки мақсади асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.
Аз ин ҷо, хулоса кардан мумкин аст, ки барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд танҳо дар сурати баланд бардоштани ҳисси масъулиятнокӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти риояи бечунучарои қонунгузории кишвар имконпазир аст.
Омӯзиш ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳадафи асосии фаъолияти давлату Ҳукумати мамлакат ба заминагузорӣ баҳри ташаккул ва таҳкими давлати ҳуқуқбунёд равона гардидааст.
Бори дуввум Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 29-уми апрели соли 2009 №253 “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019”-ро қабул намуд, ки мақсади асосии он аз баланд бардоштани сатҳи маърифати донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд ва таъмини фаъолнокии сиёсии аҳолии ҷумҳурӣ иборат буда, расидан ба ҳадафҳои зерин: аз қабили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла, кӯдакону наврасон, ҷавонону донишҷӯён, инчунин, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият, кормандони мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, истифодаи самараноки васоити ахбори умум ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар раванди таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷалби шаҳрвандон ба корҳои ҳуқуқӣ, тарғиби ғояҳои ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ, мусоидат ба аҳолӣ бобати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ дар ҳамбастагӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ба даст овардани маълумоти дақиқ ва мушаххас дар бораи ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои аҳолӣ, мукаммал намудани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо дарназардошти анъанаҳои миллӣ, ба таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ фаро гирифтани тамоми гурӯҳҳои аҳолӣ бо дарназардошти синну сол, касб ва дигар хусусиятҳо дар заминаи нақшаҳои дарозмуддати чорабиниҳои ҳуқуқӣ ва коркард ва татбиқи шаклҳои нави таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муҳлати амалӣ пешбинӣ намуд.
Бо ба итмом расидани муҳлати амали барномаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаи баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро меҳвари асосии сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст, аз 27-уми ноябри соли 2019, №599 бори сеюм “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030”-ро бо қарори Ҳукумати мамлакат қабул ва мавриди амал қарор дод, ки мақсади асосии гардидани он аз вазифаҳои зерин иборат мебошад:
- риояи Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ;
- баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон;
- таъмини дастрасии тарзу усулҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини иштироки фаъоли аҳолӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он;
- баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва аз байн бурдани ҳеҷангории (нигилизми) ҳуқуқӣ;
- байни шаҳрвандон ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузирии масъулияти ҳуқуқӣ;
- баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;
- ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон;
- ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон истифодаи иқтидори илмию фарҳангии ҷомеа.
Ҳукумати кишвар ба ғайр аз барномаҳои махсуси соҳавии қабулгардида, инчунин, барномаҳои дигарро низ дар самти мазкур қабул намудааст, ки мақсаду моҳияти онҳо низ ба масъалаи тақвияти ҳуқуқии аҳолии кишвар равона гардидааст. Масалан, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2021, №565 қабул гардидани “Барномаи таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026”, ки амалишавии татбиқи он баҳри расидан ба ҳадафҳои зерин аз қабили эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон ва дигар ҳолатҳои зарурӣ дар ин самт равона гардидааст.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёд бе робитаи устувори шаҳрвандони он дар самти риояи ҳуқуқ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ вуҷуд дошта наметавонанд. Зеро дар ин раванд иштироки шаҳрвандон низ хеле муҳим аст, ки то чӣ андоза ҳуқуқу уҳдадориҳои худро медонанд ва вазифаҳои худро чӣ тавр иҷро мекунанд.
Аммо, мутаассифона, мо имрӯзҳо шоҳиди иттилооту ҳодисаҳое низ мегардем, ки шаҳрвандони ҷумҳурии мо бахусус, ҷавонони кишвар, ки ояндасози давлату миллатанд, дидаю дониста даст ба ҳуқуқвайронкуниҳо зада, қонуният ва тарғиботи ҳуқуқию ҷамъиятиро дағалона вайрон менамоянд, ки маърифати пасти ҳуқуқии онҳоро ифода мекунад.
Донистан, эҳтиром ва риояи Конститутсия ва қонунгузории кишвар, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ, таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи шаҳрвандон бо мақомоти давлатӣ, иштироки шаҳрвандон дар раванди фаъолияти қонунгузорӣ ва дигар равандҳои кишвар вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Вале дар сурати риоя нагардидани қонунгузорӣ ва даст задан ба ҳуқуқвайронкунӣ боиси татбиқи ҷавобгарии ҳуқуқӣ мегардад. Зеро, мутобиқ ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.


Маҳмадсаид РАҶАБЗОДА,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар ноҳияи Темурмалик

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: