Маърифати ҳуқуқӣ такя бар қонунсолорӣ дорад3-04-2024, 14:19
Хабарро хонданд: 241 нафар
Назарҳо: 0
Ҷумҳурии Тоҷикистон замони истиқлолияти давлатии худ давраҳои гуногунро аз сар гузаронида, имрӯз ба як кишвари бо маънои том узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташаббускори қабули санадҳои муҳимми байналмилалӣ гаштааст. Агар ба таърих назар андозем, кишвари соҳибистиқлоли мо дучори буҳрони амиқи сиёсиву маънавӣ, фоҷеаи ҷанги таҳмилии бародаркуш гашта, марҳилаи аввали мавҷудияти сиёсии худро аз бунёди Артиш, иқтисодиёт, маориф, тиб, фарҳанг, дигар соҳаҳои фалаҷгашта оғоз намуда, марҳила ба марҳила ба ин муваффақ шуд. Қабул гардидани санади муҳимми тақдирсоз - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, се маротиба - 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 бо дарназардошти вазъи дохилӣ ва байналмилалӣ ва андешидани чораҳои ногузир, посух додан ба шароити муосир ба он тағйиру иловаҳо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аз иқдоми меҳварии давлатсозии навини тоҷикон аст, ки онро коршиносони маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ аз сарқонунҳои беҳтарини олам донистаанд, ки бешак, чунин ҳам ҳаст ва мояи ифтихори мо мебошад. Ҳамчунин, ислоҳот дар парламентаризми тоҷик, ки тариқи раъйпурсӣ моҳи сентябри соли 1999 парлумони мо - Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтори дупалатагӣ-Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон гузашта, ба ҳамин тариқ, парлумони касбӣ гардид. Ин боз як шаҳодати равшани он аст, ки давлати Тоҷикистон бар пояи мардумсолорӣ ва тамоми рукнҳои ҷомеаи демократӣ бунёд шудааст. Дар кишвар фаъолияти мақомоти қудратӣ босамар гардида, дар ин давра санадҳои муҳимми меъёрӣ-ҳуқуқӣ, қонунҳои нави соҳавӣ ба тасвиб расиданд ва ислоҳоти зарурӣ ва саривақтӣ гузаронида шуд. Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки дучори ҳамлаҳои террористии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии байналмилалӣ гашта, бо онҳо мубориза бурдааст, бинобар ин, чунин иқдом чораҳои ногузир ва муҳим ба шумор мераванд. Баъд аз баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо рӯйи кор омадани ваҳдати мардум ва субот дар кишвар, ки дар он, бешубҳа, хидмати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосӣ аст, дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф, фарҳанг ва дигар риштаҳо пешравиҳои назаррас дида мешаванд ва онҳо дар ҳоли рушди пайваста ҳастанд, ки ин нишонаи дурусти сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ аст. Аз ҷумла, солҳои баъд аз истиқлоли давлатӣ дар низоми судӣ низ ислоҳоти ҷиддӣ анҷом дода шуд. Ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақил ва ҷудогонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф ва фаъолияти мақомоти судӣ бар асоси талаботи замон ва меъёрҳои асноди байналмилалӣ танзим гардида, ба мустақилияти судяҳо бо меъёрҳои конститутсионӣ таҳким бахшида шуд. Дар ҳамин раванд, 14-уми апрели соли 1997 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №692 «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки дар он масъалаи беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо гузошта шуда буд. Ҳамчунин, ба хотири таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини мустақилияти судҳо дар амалӣ кардани адолати судӣ бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шурои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Амалӣ гаштани ин меъёрҳои конститутсионӣ ва таъмини воқеии кафолати мустақилияти судҳо бо роҳи аз тобеияти ҳокимияти иҷроия, яъне аз Вазорати адлия баровардани ҳалли масъалаҳои таҳия намудани таклифҳо вобаста ба гузаронидани ислоҳоти судӣ, такмили низоми судиву ҳуқуқӣ, интихобу пешбарии номзадҳои арзанда ба вазифаи судя, озод намудани судяҳо аз вазифа, ҳамзамон бо ин, баланд бардоштани нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ ва ғайра таъсиси сохтори алоҳидаро талаб менамуд. Таъсиси Шурои адлия тақозои замон ва татбиқи амалии сиёсати давлат оид ба ҳокимияти судӣ мебошад. Бо дарназардошти он ки мақомоти судӣ ба ҳайси рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф шудааст, марҳилаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ оғоз гардида, вазифаҳои ҳокимияти судӣ ба таври мушаххас дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо қонунияту адолат муқаррар карда шуд. Дар моддаи 4-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазифаҳои суд муайян гардидаанд; 1) Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон эълон кардаанд, ҳифз менамояд; 2) Вазифаи суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ мебошад. Риоя кардани адолати судӣ аз вазифаҳои асосии мақомоти судӣ мебошад. Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, онро аз рукнҳои асосии ҳокимияти судӣ медонад. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2018 зикр карда буданд: «Тавре маълум аст, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад. Бинобар ба охир расидани муҳлати Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2009-2019 зарур мешуморам, ки барои даҳсолаи минбаъда барномаи нав таҳия ва қабул карда шавад. Пешрафти минбаъдаи ҷомеа ва амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои дарпешистода кафолати ҳамаҷонибаи адолати судиро талаб мекунад. Зарур аст, ки барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ таҳия карда, дар доираи он сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ такмил дода шавад ва ҷиҳати баррасии босифату саривақтии парвандаҳо ва иҷрои санадҳои қабулнамудаи мақомоти судӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд. Бо ин мақсад Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати адлия ва Хадамоти иҷро дар муҳлатҳои кутоҳтарин барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқиро барои солҳои 2019-2021 таҳия ва пешниҳод созанд». Масъалаи мубрами дигар, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ин мубориза алайҳи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта мебошад. Маълум аст, он ҷойе, ки фасод аст, пешравӣ рӯ ба таназзул меорад. Дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати кишвар солҳои охир иқдомоти қавӣ пеш гирифта шудааст, ки натиҷаҳои назаррас ба бор овардаанд. Таъсис додани Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-уми январи соли 2007, ки мақомоти махсусгардонидашуда ва ҳамоҳангсози мубориза бар зидди коррупсия дар кишвар аст, далели гуфтаҳои болост. Дар ин самт бояд дар шароити тағйирёбандаи иҷтимоиву сиёсии ҷаҳонӣ ҳамчунин, корҳои зиёдеро ба анҷом расонд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 Пешвои миллат аз ҷумла зикр карда буданд: «Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани сади устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд». Дар ин радиф, ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” аз санаи 30-юми декабри соли 2023, таҳти №668 ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудааст. Мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад. Дар ин самт ҳамкории судманди шаҳрвандон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хусусияти аввалиндараҷа дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини волоияти қонун, адолати судӣ, ба таври муътадил фаъолият намудани тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, иҷрои ҳадафҳои стратегӣ, мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуб қадамҳои устувор гузоштааст. Дар ин радиф, саҳми ҳокимияти судӣ низ муассир буда, он дар суботи ҷомеа аз нақшҳои муҳимро иҷро мекунад. Абдурашид ШАМСУЛЛОЗОДА,
судяи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.