Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР МУСТАҲКАМ НАМУДАНИ ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНД

НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР МУСТАҲКАМ НАМУДАНИ ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНД

2-11-2021, 08:04
Хабарро хонданд: 157 нафар
Назарҳо: 0
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР МУСТАҲКАМ НАМУДАНИ ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНД

Яке аз нишонаҳои рушди асосҳои демократӣ дар ҷомеа ин васеъ гардонидани имкониятҳои иштироки ҳар як фард дар идора намудани корҳои давлатдорӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия халқ ҳамчун саршчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф шудааст, робитаи устувори тарафайни давлат ва шаҳрвандон нигоҳ дошта мешавад. Дар ин самт ҳуқуқи муроҷиати шаҳрванд ба мақомоти давлатӣ нақши муҳимро мебозад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд ҳуқуқи муроҷиат кардан ба мақомоти давлатиро низ муқаррар намудааст, ки он аз як тараф ҳамчун василаи муҳимми конститутсионии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, аз тарафи дигар ҳамчун кафолати муҳимми ташкиливу ҳуқуқии ҳимояи онҳо, бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо шинохта мешаванд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ дорои эътибори олии ҳуқуқӣ буда, муносибатҳои муҳими сатҳи давлативу ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Дар меъёри моддаи 31 Конститутсияи ҶТ ҳуқуқи шаҳрванд ба муроҷиат ба таври умумӣ инъикос гардидааст, ки он дар қонунҳои соҳавӣ инкишофи минбаъдаи худро ёфтааст. Дар заминаи моддаи мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»ба тавсиб расидааст, ки он тартиб ва муҳлати баррасии муроҷиати шаҳрвандонро муқаррар менамояд. Меъёри Конститутсияи ҶТ ҳуқуқи шаҳрвандро ҷиҳати муроҷиат намудан ба мақомоти давлатӣ муқаррар намудааст. Агар аз лиҳози мафҳуми “инсон”, “ҳар кас”, “шахс”, “шаҳрванд”, “шаҳрванди хориҷӣ”, ки меъёрҳои алоҳидаи Конститутсияи ҶТ назар афканем, меъёри мазкур гуё ки танҳо нисбати шаҳрвандони ҶТ татбиқ мешавад. Аммо масъалаи дигар ин, ки Конститутсия ба таври мушаххас муқаррар накардааст, ки шаҳрандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи муроҷиат карданро ба мақомоти давлатӣ доранд. Дар баробари Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», инчунин қонунгузории мурофиавӣ ва дигар қонунҳои моддии ҶТ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии зерқонунӣ меъёри мазкурро пурра ва мустаҳкам намудааст. Дар Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» маҳфуми шаҳрванд дарбаргиранди шаҳрвандони ҶТ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд мебошад. Қайд намудан бамаврид аст, ки дар Конститутсия мафҳуми шахси ҳуқуқӣ ҷиҳати муроҷиат намудан ба мақомоти давлатӣ пешбинӣ нашуда бошад ҳам, идомаи худро дар Қонуни мазкур ёфтааст. Қонуни зикргардида ҳамчун қонуни соҳавӣ ва махсусгардонидашуда дар самти муроҷиати шаҳрвандон тартиби доираи амали ин санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ, намудҳои муроҷиатҳо аз рӯи мазмуну мундариҷаи он ва хусусиятҳои ҳуқуқӣ ва оқибатҳои ҳуқуқии онҳо, муҳлат ва тартиби баррасии муроҷиатҳоро муқаррар ва танзим менамояд. Доираи амали Қонуни мазкур нисбат ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба мақомоту ташкилоти дахлдор татбиқ мегардад, ба истиснои муроҷиатҳое, ки тибқи талаботи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ, Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ, Кодекси иҷрои ҷазои ҷинояти ҶТ, Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкуниии маъмурии ҶТ, Кодекси расмиёти маъмурии ҶТ, муроҷиатҳои дигар, ки нисбат ба онҳо бо қонунгузории ҶТ тартиби дигари пешниҳод ва баррасӣ пешбинӣ шудааст. Қонунгузории мурофиавӣ ҳуқуқи шаҳрвандро ҷиҳати муроҷиат намудан ба мақомоти дахлдори давлатӣ дар мурофиае, ки шаҳрванд ба сифати субъекти ҳамон муносибати дахлдор, ки қонунгузории мурофиавии дахлдор ба танзим медарорад, ҷалб карда шудааст, ё ин ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавӣ вобаста ба ягон масъалаи дахлдор муроҷиат менамояд. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки ғайр аз талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», қонунгузории мурофиавӣ, инчунин нисбати баъзе намуди муроиҷиатҳои мушаххаси шаҳрвандон қонунгузорӣ тартиби дигари пешниҳоду баррасии муроҷиатро муқаррар менамояд. Масалан, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оиди Низомнома дар бораи тартиби баррасии масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 12 апрели соли 2017 №868. Низомномаи мазкур тартиби барасмиятдарорӣ, қабул ва баррасии дархости муроҷиаткунандаро муқаррар менамояд. Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тартиби муроҷиат барои таъмини нафақа ва пешбурди ҳуҷҷатҳои нафақавӣ» аз 2 марти соли 2013, №90. Тартиби мазкур қоидаҳои пешниҳод намудан, баррасӣ, бақайдгирии аризаҳои муроҷиаткунандагонро вобаста ба масъалаҳои дахлдор, ки Тартиб муайян намудааст, муқаррар менамояд.
Масъалаи дигар, ки дар меъёри Конститутсия норавшан пешбинӣ шудааст, ин ҳуқуқи шаҳрвандро ҷиҳати муроҷиат намудан танҳо ба муқомоти давлатӣ муқаррар намудааст. Ин масъала ифодаи худро дар Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ёфта, доираи мақомотеро, ки ба онҳо муроҷиат намудан имконпазир аст, васеъ намудааст. Мувофиқи моддаи 1 Қонуни мазкур муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии онҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ танзим менамояд.
Тибқи муқаррароти моддаи 27 Конститутсияи ҶТ шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита иштирок намояд. Иштироки шаҳрванд дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҶТ тариқи муроҷиат намудан ба мақомоти давлатӣ сурат мегирад. Масалан, тартиби муроҷиат намудан бо мақсади дохил шудан ба хизмати давлатӣ, тартиби шикоят овардан аз болои қарорҳои комиссияҳои интихоботӣ тибқи қонунгузории интихоботии ҶТ, тартиби шикоят намудан аз амали (беамалии) ғайриқонунии шахсони мансабдори давлатӣ.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” ҳуқуқи шаҳрвандонро ҷиҳати иштирок дар идоракунии давлатӣ дар мисоли хизмати давлатӣ муқаррар намудааст. Мутобиқи моддаи 13 Қонуни мазкур яке аз талаботҳои асосии қабул шудан ба хизмати давлатӣ ин пешниҳод намудани аризаи шахсӣ мебошад. Тиқби Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ариза ин хоҳиш дар бораи мусоидат намудан ба амалисозии ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии худ, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии шахсони дигар ё пешниҳод намудани маълумот дар бораи вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дигар, норасоӣ дар фаъолияти ташкилоту муассисаҳои дахлдор ё танқиди фаъолияти шахсони мансабдор, роҳбарон ва кормандони муассисаю ташкилоти дахлдор мебошад.
Яъне муроҷиат намудан ба роҳбари мақомоти давлатӣ ҷиҳати ба хизмати давлатӣ ба кор қабул намудан тариқи ариза сурат мегирад. Агар шаҳрванд муроҷиат накунад, барои амалишавии ҳуқуқҳои худ маҷбур намудани шаҳрванд барои дохил шудан ба хизмати давлатӣ манъ аст. Ҳамзамон, тибқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли вазифаҳои холии маъмурӣ довталаби озмун ҳуқуқ дорад аз болои қарори комиссияи озмун шикоят намояд.
Иштирок дар идораи давлатӣ дар мисоли чорабиниҳои сиёсӣ (интихобот ва раъйпурсӣ) ҳуқуқи конститутсионии ҳар як шаҳрванди ҶТ буда, бо кафолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории ҶТ таъмин карда мешавад. Масалан, тибқи қонунгузории интихоботии ҶТ шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар сурати ба рӯйхат ворид накардан ва ё нодуруст ба рӯйхати интихобкунандагон ворид намудан ба комиссияҳои дахлдор муроҷиат намояд.
Муҳсин НАМОЗОВ - сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: