ТАЛАБОТИ ЗАМОН29-04-2024, 16:01
Хабарро хонданд: 120 нафар
Назарҳо: 0
Имсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ дар бораи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳаммияти он дар ҳаёти мамлакат чунин таъкид карданд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии мамлакатамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ шароити зиндагии арзанда ва инкишофи созем». Ба ҳамин хотир бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон шудааст. Мақсади асосии он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи кишварҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қисми якуми моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст. Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии табақаҳои гуногуни ҷомеа тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дар ин самт якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намудааст. Чунончӣ, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» аз 1-уми декабри соли 1999, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» аз 22-юми августи соли 1997, “Дар бораи «Барномаи низоми давлатии омӯзиши ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12-уми июни соли 2001, «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» аз 3-юми декабри соли 2012 ва ғайра. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 30-юми апрели соли 2001 доир ба масъалаи сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳамчунин, тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон сухан рафта, аз он изҳори нигаронӣ шуд, ки «то ҳанӯз сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии мардум паст мебошад. Сабаби инро ман, пеш аз ҳама, дар суст будани кори ташвиқоти қонуну қарорҳои қабулшуда мебинам. Яке аз сабабҳои асосии содиршавии ҷиноят аз тарафи шаҳрвандон ва вайрон намудани меъёрҳои қонун аз ҷониби роҳбарони идораю корхона ва муассисаҳои алоҳида маҳз надонистани қонун аст». Ҳамзамон, Роҳбари давлат дар идомаи суханронӣ ёдовар шуданд, ки «Конститутсия ва қонунҳое, ки давоми чанд соли охир қабул шудаанд, асоси тозаи низоми ҳуқуқӣ гузоштаанд, ки аз нигоҳи моҳияту мазмунашон дар муқоиса бо қонунҳои давраи гузашта комилан нав ҳастанд”. Бинобар ин, дар ин Паём парлумон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат муваззаф гардидаанд, ки барои тарғиби дониш ва тавсеаи ҷаҳонбинии ҳуқуқии аҳолии мамлакат фаъолона саҳм гузоранд. Бояд зикр кард, ки тарғибу ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат кори саҳлу осон набуда, меҳнату заҳмати бештарро тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз, даъвати Сарвари давлат аз ҳамаи мақомоту муассисаҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум, хусусан маърифати ҳуқуқии ҷавонон муҳим ва саривақтӣ мебошад. Дар шароити кунунӣ дар рушду инкишофи ҳар давлат ҷавонон нақши бориз доранд, чунки онҳо давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол ва неруи бунёдкору созанда буда, нисбат ба қишрҳои дигари ҷомеа бештар фаъолу серҳаракат, ҳамчунин, умеду такягоҳи давлат ва миллат мебошанд. Бинобар ин, ҷавононро зарур аст, ки пайваста омӯзанд ва донишашонро такмил бахшанд, аз илму фарҳанги ҷаҳонӣ бархӯрдор гарданд, илова бар ин, сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии худро баланд бардоранд. Дар ҳамин Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар ба анҷом расидани муҳлати «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» зарур донистанд, ки барои даҳсолаи минбаъда барномаи нав таҳия ва қабул гардад. Ҳамин тавр, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми ноябри соли 2019 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» тасдиқ шуд. Барнома дар замони муосир бағоят муҳим буда, зарур аст, ки муқаррароти он ва дар ин замина муқаррароти қонунгузории ҷумҳурӣ дар байни қишрҳои мухталифи аҳолии мамлакат аз ҷониби масъулину мақомоти дахлдори давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мунтазам тарғибу ташвиқ гардида, ба ин восита маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ баланд бардошта шавад. Чунки баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат ба пешгирии қонунвайронкуниҳо, таъмини волоияти қонун, риояи Конститутсия ва қонунгузории мамлакат, инчунин эътирофу эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд. Бояд хотиррасон кард, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2023 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 тасдиқ шуд, ки ин иқдоми навбатии Ҳукумати мамлакат дар самти рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Стратегия тамоми нақшаҳои миллии мавҷуда марбут ба иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид доир ба ҳуқуқи инсон ва ҳуҷҷатҳои дигари самти ҳуқуқи инсонро дар худ таҷассум намуда, механизм ва расмиёти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиро дар самти ҳуқуқи инсон такмил мебахшад. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ҳадафҳои дарозмуддат ва вазифаҳо дар самти ҳуқуқи инсонро муайян карда, масъалаи таҳияи сиёсати пешрафта ва ягонаи байнисоҳавиро пешбинӣ менамояд, ки ба мустаҳкам намудани ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар мамлакат равона гардидааст. Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун ҳуҷҷати расмӣ ва санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат мусоидат мекунад. Заррина ШОНАЗАРОВА, ёрдамчии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.