Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА АҲАММИЯТИ ОН ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА АҲАММИЯТИ ОН ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

8-05-2024, 11:03
Хабарро хонданд: 198 нафар
Назарҳо: 0
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА АҲАММИЯТИ ОН ДАР ЗАМОНИ МУОСИР
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосир мебошад. Зеро, дар даврае, ки ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм ва дигар падидаҳои номатлуб дар тамоми олам аз ҷониби гурӯҳҳои алоҳида афзудааст, ин масъала дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” баррасӣ гардид.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Роҳбари давлат бармеоянд, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 30-юми декабри соли 2023, №668 “Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” ба имзо расид.
Ба тасвиб расидани ин Фармон дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрванд мақсаднок буда, дар тарғиби арзишҳои ҳуқуқию демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати нек ва эҳтиромона ба он, боз ҳам баландтар бардоштани мақому мартабаи қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти он муҳим мебошад.
Мақсади асосӣ ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Маърифати ҳуқуқӣ дар худ чиро таҷассум менамояд?
1.Ҳар як шаҳрванд бояд аз ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ дар ҷомеа огоҳ бошад ва нисбат ба ҳуқуқи дигарон низ эҳтиром гузорад.
2. Дар давлати ҳуқуқбунёд тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ дар доираи қонун амалӣ мегардад ва волоияти қонун бояд дар ҷомеа ҳамчун манбаи фаъолияти ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳукмфармо бошад. Ноогоҳӣ аз қонун ва ҳуқук ҷомеаро ба вартаи ҳалокат расонда метавонад.
Гоҳо шахс ноогоҳона даст ба коре мезанад, ки он ҷиноят ҳисобида мешавад ва худ аз кирдораш ҳайрону пушаймон мемонад, вале аллакай дер мешавад, зеро оби рехтаро ҷамъ кардан номумкин аст.
Бинобар ин, тарбияи ҳуқуқии фарзандон бояд аз оила оғоз ёбад. Аз ин лиҳоз, хуб мебуд агар барои волидони ҷавон ҳафтае ҳадди ақал як маротиба оид ба ин масъала семинарҳо ва суҳбатҳо гузаронида шавад.
Азбаски наврасон ва ҷавонон пешбарандаи сиёсати давлату ҳукумат ба шумор мераванд, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо бояд саъю кӯшиши бештаре ба харҷ дод.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа дар замони муосир хеле зарур аст, зеро, ҳар кори ноогоҳонаю бехабарӣ аз қонун дар ҳаёти шаҳрвандон ва кори давлатдорӣ мушкилот ворид хоҳад намуд.
Вақте маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баланд мегардад, сатҳи ҷинояткорию ҳуқуқвайронӣ аз байн рафта, ҷомеа рушду нумуъ мекунад, сатҳи зиндагии шаҳрвандон торафт беҳтар хоҳад шуд. Бинобар ин, барои ба даст овардани ин ҳадафи муҳим кӯшиши беандоза ба харҷ додан лозим аст.

М.БРОИМШОЕВА,
М.МИРЗОҲАСАНОВА,
аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Нерубахш”-и
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: