Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ПАЁМ - БАРНОМАИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

ПАЁМ - БАРНОМАИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

18-01-2024, 15:28
Хабарро хонданд: 437 нафар
Назарҳо: 0
     ПАЁМ - БАРНОМАИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Дар асоси нақшаи омӯзишҳои идоравӣ барои кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳизб дар шаҳри Душанбе, бо иштироки ёвари директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳбоз Шосаидзода дар мавзуи “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун барномаи рушди давлатдории миллӣ” омӯзиши идоравӣ доир гардид.
Шаҳбоз Шосаидзода зимни суханронӣ нахуст аз иқдоми саривақтӣ ва муҳими ҳизбӣ баҳри тақвияти дониши сиёсии кормандони ин соҳа ёдовар шуда, зикр кард, ки ҳизб яке аз василаҳои асоситарини тарбияи идеологияи созанда дар замони муосир маҳсуб меёбад.
Таъкид шуд, ки дар даврони тазодҳои ғоявӣ аз ҳизбиён масъулияти дучанд ва дониши мукаммал тақозо карда мешавад.
Сипас, мавсуф доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ибрози андеша намуда, ёдовар шуд, ки ин ҳуҷҷати муҳим натиҷаи фаъолияти солона ва таҳияи нақшаи амал барои фаъолияти созандаи соли ҷорӣ буда, ҳар як шаҳрванди кишварро ба масъулиятшиносӣ дар назди давлату миллат вазифадор менамояд.
Дар идома зикр гардид, ки нишондоди Паёми соли қаблӣ шаҳодат аз рушду нумуъ ва дастовардҳои мамлакат, далели талошҳои пайваста баҳри рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёти ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Дар ин радиф иброз гардид, ки натиҷаҳои назарраси кишвар дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида истодаанд.
Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода баргузории силсилаомӯзишҳои идоравӣ барои ҳизбиёнро, ки дар давоми ду соли охир дар асоси нақшаи махсус доир мегарданд, воситаи муҳими ташаккули дониши мукаммали сиёсӣ, илмӣ ва назариявӣ арзёбӣ кард.
Мавсуф таъкид дошт, ки иқдоми мазкур баҳри тақвияти идеологияи созанда ва амалишавии ҳадафҳои барномавӣ ва оинномавии ҳизб воситаи асоситарини таъсиррасон мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки аз ҷониби Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ҳизбиён курсҳои кутоҳмуддат баҳри баланд бардоштани савияи дониши соҳавӣ пайваста доир мегарданд.

ХОНИШИ СИЁСӢ: ҶАВОНОН, ПАЁМ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Хуҷанд дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштарак дар самти ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар нишаст масъулин оид ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон" мубодилаи афкор карданд.
Инчунин, ҳозирин оид ба якчанд масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, тақлид ба фарҳанги бегона, даст задан ба худкушӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносии миллӣ ва зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, пешгирии нашъамандию нашъаҷаллобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, чораҳои зиддибуҳрониву муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ ва ташвиқи китобхониву китобдӯстӣ фикру андешаҳои муфид баён доштанд.
Ҳамзамон, бобати дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагии Ватан миёни ҷавонони аз 17-сола боло ва волидайни онҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: