Корҳои фаҳмондадиҳи9-08-2017, 10:25
Хабарро хонданд: 307 нафар
Назарҳо: 0
Корҳои фаҳмондадиҳиву профилактикӣ дар маҳаллаву шаҳрак ва муассисаҳои ноҳия Синои шаҳри Душанбе оид ба Қонунҳои ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодиҳои динӣ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”,”Дар бораи пешгирии зӯровари дар оила” Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ташкилоту муассиса ва шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия баҳри таъмини иҷрои саривақти дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташвиқоту талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодиҳои динӣ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”,”Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҷамъомад ва маҷлисҳо баргузор шуда истодаанд. Аз ҷумла зимни ин чорабиниҳо дар шаҳраки Ю. Вафо ва маҳаллаи Борбад – намояндаи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе - Одинаев Амиралӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Рамазонов Эраҷ, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Муминов Абдумаҷид, намояндаи оид ба дин дар шаҳраки Ю. Вафо ва маҳаллаи Борбад фаъолона иштирок карданд. Мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Ҷ. Нарзиқулов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.