Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲАЁТИ ҲИЗБ: ВАҲДАТИ МИЛЛӢ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

ҲАЁТИ ҲИЗБ: ВАҲДАТИ МИЛЛӢ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

15-06-2023, 11:43
Хабарро хонданд: 312 нафар
Назарҳо: 0
ВАО – МИНБАРИ ТАБЛИҒОТ ВА ИНЪИКОСКУНАНДАИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ҲИЗБӢ

ҲАЁТИ ҲИЗБ: ВАҲДАТИ МИЛЛӢ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТОмӯзиши навбатии идоравӣ барои кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва кумиҷроияҳои ҲХДТ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе таҳти унвони «Воситаи ахбори омма – минбари таблиғот ва инъикоскунандаи фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ» бо иштироки Зиннатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузор гардид.
Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ зимни сухани ифтитоҳӣ иброз намуданд, ки сомонаҳои хабарӣ имрӯз василаи муҳими иттилоърасонӣ ва таъсир ба афкори мардум маҳсуб ёфта, маҳз қудрати сухан ва қалам ғояи маърифатии ҷомеаро поягузор аст. Баҳри таблиғи идеологияи созанда ва бунёдкорона ҳизбиёнро лозим аст, ки ҳарчӣ бештар аз усулҳои хабаррасонӣ ва таъсир ба афкори омма огоҳӣ дошта бошанд. Дониши саҳеҳ ва ҷаҳонбинии васеъ имкон медиҳад, ки дар набардҳои иттилоотии сомонаҳои хабарӣ ҳамеша дастболо бошанд.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода зимни суханронии худ масъалаи дарёфти иттилоот, далелу маълумот дар бораи хосиятҳо, сохтор ва алоқамандии байни объектҳо ё рӯйдодҳоро аз ҷиҳати назариявӣ шарҳу тавзеъ дода, хусусиятҳои саҳеҳӣ, мукаммалӣ, муҳимӣ, рӯзмаррагӣ, возеҳӣ, аниқӣ, дастрасӣ ва кутоҳиро хоси хабаррасонӣ номид.
Мавсуф дар идома иброз дошт, ки матбуоти даврӣ дар ҳама давру замон воситаи маъмултарини хабаррасонӣ ба ҳисоб рафта, василаи тарбияи ҷомеа пазируфта шудааст. Матбуот рисолати худро бобати расонидани иттилооти воқеӣ, ташаккули афкори созанда, тарбияи насли солиму хештаншинос бомуваффақият адо намуда, дар таҳкими ҷомеаи мутамаддин ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон саҳми амиқ ва шоиста гузошта истодааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки матбуоти тоҷик дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои маънавии миллиамон - забон, адабиёт, оину фарҳанг ташаккул ва рушд ёфта, ҳатто дар нигоҳдории ин арзишҳои миллӣ саҳми бориз дорад.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон таъкид намуд, ки муҳимтарин ҷузъи хабар акси босифат ва бозгӯикунандаи муҳтавои ҳодисаву воқеа ба шумор рафта, аксбардорро лозим ҳаст, ки ҳангоми гирифтани акс лаҳзаҳои хотирмони атрофро дар кадр ҷойгир намояд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти гуногунҷанбаи худ аз усулҳои мубрами рӯзноманигорӣ васеъ истифода бурда, кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тавассути сомонаҳои ҳизбӣ, саҳифаҳои фейсбукӣ ва рӯзномаву нашрияҳои ҳизб бо истифодаи жанрҳои мухталифи журналистика муҳимтарин иттилоотро инъикос ва нашр менамоянд. Рисолати ғоявии ҳизб барои ташаккули маънавӣ ва инкишофи маърифату идроки аъзои он тавассути воситаҳои ахбори омма пайваста амалӣ мегардад.

БАРРАСИИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ
ҲАЁТИ ҲИЗБ: ВАҲДАТИ МИЛЛӢ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ
Дар маҷлисгоҳи Маркази миллии патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси назоратии назди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба омодагиҳо ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовинони раиси кумита, раисони сохторҳои ҳизб дар ноҳияҳои пойтахт, кормандони ҳизбии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он иштирок намуданд. Ҷаласаро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода оғоз намуда, сипас гузориши муовини раиси Кумита Ҷӯрабек Муродов оид ба фаъолияти сохторҳои ҳизб дар шаҳри Душанбе дар панҷ моҳи соли ҷорӣ шунида шуд.
Дар гузориш масъалаҳои корҳои дохилиҳизбӣ, аз ҷумла танзими ҳаракати аъзои ҳизб, супоридани саривақтии аъзоҳаққӣ аз ҷониби кумитаю ташкилотҳои ибтидоӣ, риояи ҳатмии Оиннома ва низомномаҳои ҳизб, татбиқи бандҳои Одобномаи корманди ҳизб, таъсиси ташкилотҳои нави ҲХДТ ва ба ин васила зиёд намудани сафи аъзо аз ҳисоби шахсони арзанда, корбарӣ намудан бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳое, ки аз ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Душанбе гузаштаанд, саривақт ҷавоб гардонидан ба барқияҳои сохторҳои болоии ҳизб, ворид намудани аъзо ба махзани ягонаи электронии аъзои ҳизб, ҷоннок намудани кор дар самти ташкили ташкилотҳои ҳизбӣ дар ҳудуди маҳаллаҳои пойтахт ва дигар масъалаҳои корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои матраҳшуда фикру мулоҳизаҳои худро баён карда, ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид дод.
Ҳамзамон, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар пойтахт Иброҳим Мирзозода иброз дошт, ки ҷаласаи мазкур дар ҳошияи иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти ҲХДТ, ки 1-уми июн зимни маҷлиси Ситоди ҷумҳуриявии “Ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” аз ҷониби муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ дода шуда буданд, баргузор гардида, ҳадафи он дар амал татбиқ намудани қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани “Ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” мебошад, ки аз ҷониби Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25-юми майи соли ҷорӣ ба имзо расидааст.
Дар ин замина, раиси Кумита таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҷашни 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, ки соли оянда таҷлил карда мешавад, ҷалб намуда, аз онҳо тақозо кард, ки нақшаи чорабиниҳои худро вобаста ба он таҳия намоянд ва барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор гардидани ҷашн саҳмгузор бошанд.
Дар идома мавсуф таъкид кард, ки тибқи қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25-юми майи соли 2023 маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар моҳҳои июн-сентябр ба нақша гирифта шудаанд, ки масъулинро мебояд дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ
ҲАЁТИ ҲИЗБ: ВАҲДАТИ МИЛЛӢ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ
Дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ 27-уми июн дар Гимназияи инноватсионии шаҳри Душанбе вохӯрӣ бо аъзои ҲХДТ ва кормандони Гимназия баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ, раиси Комиссияи кор бо занон ва оилаи назди Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ Ситора Абдумуминзода ва директори Гимназияи инноватсионии шаҳри Душанбе Муриватшо Анваров иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ аз ҷониби нотиқон қайд гардид, ки Ваҳдати миллӣ барои мардуми мо дар баробари истиқлолият неъмати бебаҳо ва муқаддас аст. Ҳар як тоҷики ватандӯст бояд ифтихор аз он дошта бошад, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, тамаддунофар ва созандаю бунёдкор мебошад. Таърих ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар исбот намуд, ки халқи тоҷикро дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд, бонангу номус, бохираду адолатхоҳ, бунёдкору заҳматкаш ва дорои хиради азалӣ эҳтирому эътироф менамоянд.
Ваҳдати миллӣ эҳсоси ягонагӣ, ҳамсириштӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва пойдории як халқ, як миллат аст. Ваҳдати имрӯзаи миллии мо гаронбаҳотарин дастоварди миллат дар тӯли таърихи он аст, ки гарави истиқлоли бегазанди кишвар буда, рушди босуботи миллиамонро ҳам барои имрӯз ва ҳам барои садсолаҳои баъдӣ таъмин месозад. Таҳкими сулҳу ваҳдатро, ки асоси суботи ҷомеа ба ҳисоб меравад, ҳамчун рисолати инсонӣ ва шаҳрвандии худ шумурда, бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва муҳаббати фарзандонаи худ ба Ватану миллат содиқ бошем.
Инчунин, вобаста ба нақшу мақом ва муҳимияти "Маромномаи сокини пойтахт", фарҳанги шаҳрнишинӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии шаҳрвандон, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ибрози андеша карда шуд.
Дар анҷом ба кормандоне, ки мавқеи сиёсии худро муайян намуда, ба сафи аъзои ҲХДТ пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуданд.

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШАМОҲА
ҲАЁТИ ҲИЗБ: ВАҲДАТИ МИЛЛӢ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ
Тибқи талаботи бандҳои Оиннома ва дар доираи ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҷамъбастии шашмоҳа дар ташкилоти ибтидоии "Пайравони Пешво"-и шаҳри Хоруғ маҷлиси ҳисоботӣ баргузор гардид.
Дар рафти маҷлис аъзои фаъоли ҳизб Фирӯза Мамадасанова дар назди ҳозирин доир ба фаъолияти шашмоҳаи ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот дода, вазифаҳои ташкилотро барои давраҳои минбаъда муайяну мушаххас намуданд.
Баъдан, мудири шуъбаи ташвиқот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ Замира Абутробова ба сухан баромада, доир ба самтҳои афзалиятноки ҳизб, ташаббусҳои он андешаронӣ карда, ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ намуд ва барои фаъолияти минбаъда барору пешравӣ орзу кард.
Ҳамзамон, аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки ба фарзандон ва хешу наздиконашон, ки айни замон дар хориҷи кишвар қарор доранд, нагузоранд, ки ба ҳайати гуруҳҳои ифротӣ ва тундрав шомил шаванд.

МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
ҲАЁТИ ҲИЗБ: ВАҲДАТИ МИЛЛӢ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ
Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо иштироки роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода, муовинони раиси Кумитаи вилоятии ҳизб ва раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар маҷлиси Раёсат дар асоси рӯзномаи он дар ибтидо натиҷаҳои санҷиши гурӯҳи кории Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Ёдовар мешавем, ки аз санаи 24-ум май то 27-уми май сафари гурӯҳи корӣ бо мақсади омӯзиши фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар самти риояи санадҳои ҳизбӣ оид ба тартиби бақайдгирии аъзои ҳизб, супоридани ҳаққи узвият ва қабули босифати аъзои ҳизб сурат гирифта буд.
Абдураҳмон Хонзода дар ҷараёни маҷлис қайд намуд, ки давоми чаҳор рӯз гурӯҳҳои корӣ бо фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон шинос шуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва боз ҳам тақвият бахшидани фаъолиятҳои ҳизбӣ ба кормандон маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Ҳамчунин, бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ таҷлил намудани 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ситоди вилоятии ҳизб таъсис дода шуда, ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои ба муносибати ин ҷашн пешбинигардида ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Зикр гардид, ки бо мақсади фарогирии бештари мардум дар татбиқи нақшаи ҷашнӣ чораҳои иловагӣ андешида, баҳри дар сатҳи баланди сиёсӣ-фарҳангӣ истиқбол гирифтани ин ҷашн аз тамоми имкониятҳо бояд истифода бурд.
Вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда, ки ба рӯзномаи маҷлис ворид гардида буданд, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар анҷоми маҷлиси Раёсат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҳизбиёни вилоят ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва расидан ба пешравиҳои назаррас фаъолияти хешро дучанд намуда, баҳри дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саъю талоши худро равона хоҳанд кард.

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАВБАТИИ МАКТАБИ ЗАХИРАИ КАДРӢ
ҲАЁТИ ҲИЗБ: ВАҲДАТИ МИЛЛӢ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ
Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дарси навбатии мактаби захираи кадрии назди Кумиҷроияи ҳизб дар вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар ибтидо раиси Шурои олимони ҷавони вилояти Суғд, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шуҳрат Саидзода дарси аввалро оғоз намуд.
Ӯ дар мавзуи “Ҷаҳонишавӣ, муаммо ва дурнамо дар асри ХХI” маърузаи васеъ намуда, аз ҷумла зикр кард, ки хусусияти мушаххаси ҷаҳони имрӯзаи бағоят мураккаб ва пурихтилоф раванди ҷаҳонишавӣ аст, ки он чӣ дар сатҳи давлат ва чӣ дар ҳаёти воқеӣ ба амал бароварда шуда, ба ҳар яке аз мо амалан дахл дорад. Гузашта аз ин, раванди ҷаҳонишавӣ боиси ҷустуҷӯи мақсаду мароми нави ҷаҳонбинӣ гардид. Раванди ин масъала торафт бештар ҳис карда мешавад, ки як қисми ҷомеа аз маданияти миллӣ ба маданияти як навъ интернатсионалӣ, ё аниқтараш ба маданияти фавқулмиллӣ мегузарад, ки дар он ҷо забони англисӣ воситаи асосии муошират мегардад.
Сипас, мушовири раиси Кумитаи иҷроияи вилоятӣ Наим Маликисломӣ дар мавзуи “Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ба шунавандагон маъруза намуд.
Зикр гардид, ки ҲХДТ бо дастгирии мардуми кишвар ва таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ҳадафҳои барномавӣ ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сӯйи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!», аз ҷумла рушду таҳаввулоти иқтисодиёт, татбиқи чор ҳадафи тақдирсози стратегии давлат - истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонӣ, ки ниҳояти он расидан ба зиндагии шоиста мебошад, роҳнамоӣ мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд мактаби омодакунии захираҳои кадрӣ ҳафтае як маротиба дарс доир мекунад, ки дар он занон ва ҷавонон аз мактаби бузурги роҳбарии шахсиятҳои варзида воқиф мегарданд.

ВУСЪАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИҲИЗБӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР
ҲАЁТИ ҲИЗБ: ВАҲДАТИ МИЛЛӢ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар заминаи муассисаву ташкилотҳои ҳудуди шаҳри Ҳисор ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода мешаванд.
Дар ин самт ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватандӯстии аъзо, ҷонибдорони ҳизб ва сокинони шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи шаҳр корҳои таблиғотию ташвиқотӣ пурзӯр карда мешаванд.
Ҷиҳати ҷалби бештари аъзои фаъоли ҳизб ба ҳаёти сиёсии мамлакат дар доираи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор дар заминаи ташкилоту муассисаҳо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда истодаанд.
Дар ин замина, бо мақсади устувор ва мукаммал гардонидани фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён”-и ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и деҳаи Суғдиёни Ҷамоати деҳоти Алмосӣ маҷлиси муассисон баргузор шуд. Дар кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод иштирок ва суханронӣ намуда, вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббати онҳо нисбат ба Ватан, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир, таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди онҳо, таҳким бахшидан ба арзишҳои маънавию фарҳангӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ миёни ҷавонон, талқини ҷавонон барои сухан гуфтан бо забони ноби адабии тоҷикӣ, муаррифии давлату миллат ба ҷаҳониён, эҳё намудани арзишҳои неки ниёгон дар самти ҳифзи марзу буми кишвар, ҳамчунин, таблиғи ғояҳои асосии миллӣ, аз қабили садоқат ба Ватан, ифтихор аз гузаштаи шарафмандона, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият, бунёди ҷомеаи пешрафта ва мутамаддини шаҳрвандӣ байни ҷавонон ва пос доштани чунин вазифаҳо таъкид намуд.
Ҳамчунин, самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” шарҳу тавзеҳ дода шуда, татбиқи талаботи асосии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.
Дар асоси талаботи Оинномаи ҲХДТ ҷиҳати назорати доимӣ ва дуруст пеш бурдани фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо пешниҳод ва ҷонибдории аъзои ташкилот, сарвари муассиса Азиза Саъдуллоева ба ҳайси раис ва муовини директори муассиса Ҳусейн Шарифов ба ҳайси муовини раиси ташкилоти ибтидоии ба номи “Қурбоналӣ Тағоев”-и Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён”-и ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор интихоб карда шуданд.

Таҳияи Ибодулло ТОҲИРОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: