
Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 мутобиқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо сокинони маҳаллаҳои «Саноат» ва «Афзалӣ»-и ноҳияи Шоҳмансур вохӯрӣ доир гардид.
Масъулини ҳизбӣ оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, риояи тартибу низоми шаҳрдорӣ, ободонию хуррамгардонии шаҳраку маҳаллаҳо, пешгирии наврасону ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани савияи дониши онҳо, бедор намудани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ дар ниҳоди наврасону ҷавонон, амалии ҳамаҷонибаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи маориф”, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, никоҳҳои хешутаборӣ, бемориҳои сироятӣ, кушода шудани сарҳади ду кишвари ҳамсояву дӯст Тоҷикистону Ӯзбекистон, эълон гаштани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” суханронӣ намуданд.
Дар фарҷом сокинон барои баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳо изҳори сипос намуда, таклифу пешниҳодҳои худро баён доштанд.