Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Вохӯрӣ

11-08-2017, 10:35
Хабарро хонданд: 255 нафар
Назарҳо: 0
     Вохӯрӣ
Ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташвиқоти талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии амаликунанда, аз он ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва дигар масъалаҳои муҳим вобаста ба ҳалли мушкилоти шаҳрвандон вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрии мазкур Расулов Асламшоҳ- намояндаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Рамазонов Эраҷ – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Муминов Абдумаҷид – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, намояндагони шуъбаи кор бо занон ва оила, ҷавонон, маориф ва бахши оид ба корҳои дини ноҳия ва аҳли ҷамоатчигии маҳаллаҳо фаъолона иштирок намуданд.
Нахуст, Рамазонов Эраҷ дар бораи мақсаду мароми чорабини ва он дастуру супоришҳои роҳбарияти ноҳия баҳри иҷрои баҳри таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташкили мутташакилонаи корҳои ободонию созандагӣ андешарони намуд.
Сипас, Расулов Асламшоҳ зимни чорабини суханрони намуда, аз ҷумла ёдовари намуд, ки тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе шуруъ аз моҳи феврали соли 2017 бо мақсади тарғиби маданияту масъулияти шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар пойтахт чунин вохӯриҳо бо сокинони ноҳияҳои шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст. Ҳамчунин мавсуф қайд намуд, ки мақсад аз ин вохӯриҳо ин аз наздик бо мардум ошнои пайдо кардан ва расидагӣ ба он мушкилоту масъалаҳои муҳими ҷойдоштаи онҳост.
Абдумаҷид Муминов вобаста ба мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ, ки санаи 11 июли соли равон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10- солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардида андешарони намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст.
Ҳамчунин мавсуф дар фарҷоми суханронии хеш ҳамагонро аз номи роҳбари ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳия ба муносибати 26- умин солгарди Истиқлоляити давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.
Сипас, намояндагон ва ходимони дин дар маҳалла, аз ҷумла имомхатиби масҷиди ҷомеи маҳалла оиди исрофи барзиёди молу маҳсулот ва талаботи қонуни мазкур ба ҳозирин аз рӯйи таълимоти Қуръону суннат фаҳмондадиҳӣ намуданд. Ҳамчунин оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз дидгоҳи Қуръон ва шариати набавӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла ёдовари намуданд, ки масъулияти падару модар аз мактаб дида бештар мебошад. Инчунин масъулин дар бораи истифодаи занону модарон аз ҳаргуна сару либосҳои бегона, шомил гардидани ҷавонон ба ҳаргуна равияҳои номатлуби динию терористӣ ва экстремистӣ андешарониҳо карданд.
Зимни чорабини шаҳрвандон суханрони намуда, аз иқдомҳои пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ дар самти беҳгардонидани ҳаёти осоиштаашон ва эҳё гардонидани сулҳу ваҳдати сартосари дар кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҷумла баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол ва махсусан шаҳри Душанбе маслиҳату пешниҳодҳои муфид доданд.
Дар фарҷоми вохӯри миёни раёсати ҷаласа ва аҳли толор пурсишу посух оид ба масъалаҳои ҷой дошта дар ҳудуди маҳал доир гардид ва ҳамаи ҳозирин ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас ва қаноатбахш гирифтанд.

Мутахассиси шуъбаи таблиғот ва
иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Ҷ.Нарзиқулов




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: