Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲХДТ: ОМӮЗИШҲОИ ИДОРАВӢ ИДОМА МЕЁБАНД

ҲХДТ: ОМӮЗИШҲОИ ИДОРАВӢ ИДОМА МЕЁБАНД

17-04-2023, 10:39
Хабарро хонданд: 395 нафар
Назарҳо: 0
ҲХДТ: ОМӮЗИШҲОИ ИДОРАВӢ ИДОМА МЕЁБАНД
Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо мақсади такмили ихтисос, баланд бардоштани малакаи касбӣ, рушди механизмҳои наву муосири корӣ, сайқал додани донишу таҷриба, аз худ намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа, самти коргузорӣ ва кор бо кадрҳо, усулҳои наву замонавии тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизб ва табодули таҷриба машғулияти навбатӣ барои кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳизб дар шаҳри Душанбе бо иштироки Роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ Хонзода Абдураҳмон Умар доир гардид.
Мавсуф дар мавзуи “Шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва дарёфти роҳҳои муассири густариши эҳсоси ватандустӣ” суҳбат намуда, зикр дошт, ки ватандӯстӣ инъикоскунандаи хусусиятҳои рӯҳиву равонии афроди ҷомеа, дараҷаи шинохти мақом ва нақши таърихиву сиёсии миллат ва шинохти ҷойгоҳи худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ, ташаккули ифтихору ғурури созандагии миллӣ аст.
Дар идома ёдовар шуданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.
Дар ин радиф тазаккур дода шуд, ки ҳизб дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), сепаратизм (ҷудоихоҳӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад.
Аз ҷумла басо бамаврид ёдовар шуданд, ки намунаи олии амали ватандӯстона дар хизматҳои шоёни таърихии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум меёбад.
МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

7 апрели соли 2023 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки Иброҳим Мирзозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе, Убайдулло Қурбонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Хушвахт Шарифзода, муовини раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, аъзоёни кумита, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, доир гардид.
Нахуст рӯзномаи маҷлис аз ҷониби аъзои кумита тасдиқ карда шуда, тибқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис гузориши муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Ифтихори миллат”-и Бонки милии Тоҷикистон оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар семоҳаи аввали соли 2023, дар бораи дастгирии маъюбон ва табақаҳои ниёзманд, бозхонди роҳбари гурӯҳи вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, интихоби роҳбари гурӯҳи вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ба ташкилоти ибтидоии ҳизби гузаронидани Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Бозори варзоб”, пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба ҷойи вакили хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии №21 шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.
Сипас вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис дар бораи дастгирии маъюбон ва табақаҳои ниёзманд қарор қабул карда шуд.
Дар идома тибқи масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис масъалаи бозхонди роҳбари гурӯҳи вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва интихоби роҳбари гурӯҳи вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ гардид.
Ҳамзамон ба ташкилоти ибтидоии ҳизби гузаронидани Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Бозори варзоб” ва пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба ҷойи вакили хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии №21 шаҳри Душанбе дар алоҳидагӣқарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ДУШАНБЕ
ҲХДТ: ОМӮЗИШҲОИ ИДОРАВӢ ИДОМА МЕЁБАНД
Таҳти ҳамин унвон, дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба таҷлили “Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе” дар толори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо суханони ифтитоҳии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур,Нилуфар Каримзода оғоз гардида, сипас намоиши кӯтоҳи филми мустанад оид ба таърихи пайдоиш ва раванди ташаккулёбии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе бо факту далелҳои муътамад ба ҳозирин намоиш дода шуд.
Дар идома маърӯзачиён Ҷурабек Муродов, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Кароматулло Олимов, ходими давлатӣ, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Фариддун Баҳромзода, муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Сино” оид ба таърихи таъсисёбии шаҳри Душанбе, раванди ташаккулёбии он ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди бунёдкориҳои шаҳри Душанбе дар замони соҳибистиқлолии кишвар ва дастовардҳои он дар ин давра, васфи зебоиҳову гулгулшукуфиҳои пойтахт, инчунин, ҳолати имрӯзу фардои пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе иброзӣ андеша намуданд.
Зикр гардид, ки бо шарофати ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва бо азму иродаи қавии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масъулиятшиносиву поквиҷдонии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз пойтахти кишвар бо зебоии худ ба як шаҳри ободу пешрафтаи дунё табдил ёфтааст.
Қайд гардид, ки шаҳри Душанбе ҳарчанд шаҳри ҷавон аст, вале ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон кулбаи умеди кулли тоҷикони ҷаҳон маҳсуб ёфта, таърихи пайдоиши он бештар аз ду ҳазору сесад солро дар бар мегирад.
Имрӯз шаҳри Душанбе аз ҷумлаи амнтарин шаҳрҳои ҷаҳон маҳсуб ёфта, унвони “Шаҳри сулҳ”-ро ба худ касб кардааст. Имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе муҳимтарин чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ гузаронида мешаванд, ки ин аз ободиву пешрафт ва амнияти сартосарии он далолат дода, мавқеи устувор доштани Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ муайян менамояд.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: