Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » БАРНОМАИ СИЁСАТИ МУОСИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

БАРНОМАИ СИЁСАТИ МУОСИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

22-01-2024, 13:02
Хабарро хонданд: 639 нафар
Назарҳо: 0
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як насими тозае буд дар фазои сиёсии кишвар. Сад не, ҳазор шукр аз ин муҳити ором, осоишта, обод ва осудаи сарзамини миллати тоҷик, ки бо кӯшиш ва заҳматҳои бесобиқаи Пешвои муаззами худ имрӯз соҳиб гардидааст.
Дар ин драйвер, яъне Барномаи нави сиёсии худ Пешвои миллат, тавонист парадигма намунаи муосири давлатсозиро ба халқи азизаш пайғом намояд.
Тибқи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ба хотири наҷоти табиат ва инсоният, бо лоиҳаи “Миллати солим”, барои Ватани хурраму сарсабз, Барномаи кабудизорсозии “Кишвари сабз”, “Иқтисоди сабз”, “Энергияи сабз”, “Долонҳои сабз”, муҳите ба вуҷуд овардааст, ки фавт ду баробар коҳиш ёфта, дарозумрии аҳолӣ таъмин, “истеҳсоли дохилии рӯ ба инкишоф”, дар раддабандии созмонҳои ҷаҳонӣ намуна, технологияҳои муосири рақамӣ дар хизмат ва аз ҳама асосӣ “маорифи муназзаму мустаҳкам”, “бо ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоии мутаассил”, ки аз “маърифати баланди ҳуқуқӣ” сарчашма мегирад, ки дар ин ҳудуди марзию маъмурии кишвари биҳиштосо муаррифӣ гардидааст.
Ин омилу унсурҳо меҳвари Барномаи нави сиёсии Сарвари давлат гардид, ки дар замири қалби миллионҳо нафар дар соли ҷашни бузурги миллат - 30-солагии қабули Конститутсия, ки тавонист пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳад, нуру зиёи тоза бахшид.
Фишангҳои хеле муҳим ва асосиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ ба парлумони мамлакат ироа намуданд. Ба монанди:
- танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаи низоми сиёсӣ метавонад рушди устуворро таъмин намояд;
- таъмини волоияти қонун, тарбияи ҳуқуқӣ, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон - асоси бунёди ҷомеаи пешрафта аст;
- барои баланд намудани обрӯю эътибори Ватанамон фаъолиятро таҳкиму тақвият бахшем;
- захираи стратегии миллат ин ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон аст;
- рушди илму маориф - калиди пешрафти давлат;
- саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ ва бо ҷойи кор таъмин шудани шаҳрвандон, шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё месозад ва боз даҳҳо фишанг, таъкид, пешниҳод, иқдом, ташаббус, муроҷиат ва насиҳати падарона ба сокинони саразамини худ ироа гардид.
Харитаи роҳ, Барномаи рӯшану дақиқ, яъне драйвер метавонад дастгоҳи давлатӣ, мақомоти давлатӣ, чӣ марказию маҳаллӣ ва ҳам неруи бузурги хизматчиёни давлатӣ - низомӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандиро ба ҷунбиш, ҳаракат ва ба пешрафт расонад.
Дар асоси илҳом аз Паём мо, кормандони Академияи идоракунии давлатӣ якчанд пешниҳоди судманд дорем.
Дар якчанд мақолаву модулҳои таълимӣ хизматчиёни давлатиро мо табиби ҷомеа унвон кардем. Бо назардошти ин, моро зарур аст, ки барои рушду таҳкими соҳаи хизмати давлатӣ якчанд андеша иброз намоем:
- зарурияти таҳкими истиқлолият ва рукнҳои асосии аркони давлатӣ талаб мекунад, ки дастгоҳи идоракунии давлат, мақомотҳои он, хизматчиёни давлатӣ бояд ҳатман самаранок, мунтазам, натиҷабахш ва бо тартиби муайяни бо ҳам пайванди устувор фаъолият намоянд;
- таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон додааст, ки танҳо ҳайати (роҳбарият, кормандони асосӣ ва ёрирасони техникӣ) баландихтисос ва пурмасъулияти хизматчиёни давлатӣ ва огоҳу зирак метавонанд падидаҳои номатлуб, буҳронӣ ва хавфоварро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва аз ҳама асосиаш - марҳилаи гузариш аз низоми партократии Шуравӣ ба нав (демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, иҷтимоӣ) ба осонӣ ҳал намояд;
- мақсади асосии ҷорӣ намудани низоми самарабахш, шаффоф ва аз иллатҳо ории идораи давлатӣ ин бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ мебошад.
Идоракунии давлатӣ, хизмати давлатӣ ва сиёсати давлатии кадрҳо ҳамчун се самти ба ҳамдигар робитаи пурқувватдошта ҳалқаи як занҷир ҳастанд ва бе якдигар амал карда наметавонанд.
Маҳак, ядрои асосии идоракунии давлатӣ ин хизмати давлатӣ буда, меҳвари асосии он хизматчии давлатӣ - табибони ҷомеа мебошанд.
Агар идоракунии давлатӣ, пеш аз ҳама, ба низоми хуби хизмати давлатӣ вобаста бошад, пас хизмати давлатӣ аз неру ва қудрати зеҳнии хизматчии давлатӣ вобаста аст. неруи хизматчии давлатӣ 7 индикатор (нишондиҳанда) дорад:
- сатҳи донишҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- сатҳи забондонӣ (се забони хориҷӣ);
- сатҳи донишҳои ТИК (кор бо 7 барнома);
- сатҳи донишҳои менеҷментӣ (идоракунӣ);
- сатҳи донишҳои руҳу равонӣ (таҳаммулпазирӣ);
- сатҳи донишҳои иқтисодӣ (хоҷагидорӣ);
- сатҳи донишҳои олами монетарӣ (молия ва бонкдорӣ).
Ташаккули хизмати давлатӣ имрӯз бо равандҳои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, таҳкими низоми нави сиёсӣ, рушди иқтисоди миллӣ, ислоҳоти низоми идоранамоии давлатӣ ба татбиқ ва дуруст амалӣ гардидани сиёсати давлатии кадрҳо вобаста аст.
Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикасти минбаъдаи пояҳои давлатории моро боздошт ва сохторҳои сиёсии давлатро аз нав барқарору устувор, яъне эҳё намуд.
Бунёди низоми нави муосири идоракунии давлатӣ аз 6-уми ноябри соли 1994 оғоз гардид ва ибтидои зафаровар гузошт.
Интихоби фарзанди фарзонаи миллат ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаёти сиёсии ҷомеаро ба маҷрои эҳёву пешрафт, шукуфоӣ, ислоҳот ва рушди устувор ворид намуд.
Сиёсатмадарони варзида ва неруманд ҳангоми таҳия, баррасӣ ва қабули сиёсати давлатӣ бештар ба ақлу заковат, хирад, дарки падидаю таҳаввулот ва таҷрибаи андӯхтаи хеш такя мекунанд, ки мо ҳамаи ин падидаҳои мусбиро дар фаъолияти сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинем ва ин ҳамаи моро ба фаъолияти мунтазами созандагӣ ҳидоят менамояд.
Маҳмадулло НАИМОВ,
устоди Академияи идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: