Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Академияи идоракунии давлатӣ давраи омӯзишӣ барои занони роҳбар ҷамъбаст мешавад

Дар Академияи идоракунии давлатӣ давраи омӯзишӣ барои занони роҳбар ҷамъбаст мешавад

6-03-2023, 13:40
Хабарро хонданд: 536 нафар
Назарҳо: 0
Дар Академияи идоракунии давлатӣ давраи омӯзишӣ барои занони роҳбар ҷамъбаст мешавадШурӯъ аз 27 феврал дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи барномаи «Малакаи роҳбарӣ» барои занони роҳбар ва дар захираи кадрҳобудаи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ давраи омӯзиши такмили ихтисос доир гардид, ки 4 март ҷамъбаст карда шуд. Дар ин хусус Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар давраи омӯзишии такмили ихтисос тибқи барнома вобаста ба ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, нақши занон дар хизмати давлатӣ, фарҳанги суханварӣ дар фаъолияти касбии хизматчии давлатӣ, сарварӣ ва идоракунии равандҳои сиёсӣ дар ҷомеаи муосир, кафолату имтиёзҳо барои занон дар муносибатҳои меҳнатӣ, нақши занон дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа, нақши занон дар рушди сиёсати гендерии ҷумҳурӣ, нақши хизматчиёни давлатӣ дар пешгирии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ машғулияти назариявии омӯзишӣ гузаронида шуд.

Инчунин бо шунавандагон ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ, собиқадорони хизмати давлатӣ вохӯрӣ намуданд. Собиқадорони хизмати давлатӣ вобаста ба масъалаҳои дастгириҳои пайвастаи Ҳукумату давлат нисбат ба занон, нақши занон дар пешбурди ҷомеа, иштироки занон дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва таҷрибаи бойи худ суҳбати самимӣ намуданд.

Дар анҷоми давраи омӯзиши такмили ихтисос шунавандагони он соҳиби Гувоҳномаи хатми такмили ихтисос мегарданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: