Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » РУШДИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

РУШДИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

28-09-2023, 11:25
Хабарро хонданд: 179 нафар
Назарҳо: 0
РУШДИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
“Хизматчиёни давлатӣ неруи пешбарандаю таҳкимбахши давлату давлатдорӣ мебошанд”. Эмомалӣ Раҳмон

Хизмати давлатӣ институти нисбатан мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ташкилӣ-ҳуқуқӣ мебошад, ки бо гуногунии унсурҳо, алоқаҳо, қонуниятҳо ва хусусиятҳои махсуси худ фарқ мекунад.
Хизмати давлатӣ воситаи муҳими ташаккули давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва таъминкунандаи шароити зарурии алоқамандии он бо ҷомеа мебошад. Ҳалли ин масъала ва муваффақияти ислоҳоти идоракунӣ ё сохтмони давлатӣ аз ташаккули ҳатмии амалдорони касбии ба вазифа, мақсад, сохтори сиёсӣ ва функсияҳои давлат мутобиқ вобастагии ногусастанӣ дорад.
Хизмати давлатии Тоҷикистон ҳарчанд зодаи замони соҳибистиқлолӣ ба шумор равад ҳам, дар шароити басо ногувори таърихи миллат оғоз гардида, марҳила ба марҳила нумуъ ёфт.
Солҳои сипаригардида давраи талошҳои хизматчиёни давлатӣ чун дигар мардуми Тоҷикистон баҳри бунёди ҷомеаи навин, эъмори давлати миллии демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, марҳилаи ҷустуҷӯи роҳҳои самаранокии бозсозии пешбурди иқтисоди кишвар, беҳдошти вазъи иҷтимоии мардуми Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Ташаккули хизмати давлатиро дар ҷумҳурӣ метавон ба се давраи то оғози ислоҳоти соҳа, яъне аз нимаи дуюми солҳои 90-уми асри гузашта ба таъсиси заминаҳои меъёрии ҳуқуқии низоми ягонаи хизмати давлатии Тоҷикистон, солҳои 2001-2006 ба давраи амалисозии ислоҳоти соҳа ва аз соли 2006 то имрӯз давраи ташаккулёбии он ҷудо намуд.
Дар Тоҷикистон асосҳои конститутсионии хизмати давлатӣ ҳамчун механизми идоракунии давлатӣ гузошта шудаанд. Имрӯз хизмати давлатии Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави низоми идоракунии давлатӣ ворид мешавад.
Дар ин марҳила барои таъсиси хизмати давлатии касбӣ ва рушди минбаъдаи институти хизмати давлатӣ замина гузошта шуда, модели амалкунандаи хизмати давлатӣ ба тағйироти куллии дар иқтисоди миллӣ ва ҷомеаи Тоҷикистон баамаломада мутобиқ кунонида шудааст.
Ин ниҳод ҳамчун фаъолияти касбии хизматчиёни давлатиест, ки барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда шудааст.
Мувофиқи таҳқиқоти олимони тоҷик, хизмати давлатӣ ҳамчун талаботе пешниҳод шудааст, ки бевосита дар идоракунии давлатӣ ба равандҳои ҷамъиятӣ иштирок менамояд ва дар он шаҳрвандони аз ҷиҳати касбӣ тайёршуда мунтазам барои иҷрои ваколати мақомоти мухталифи давлатӣ иштирок карда, фаъолияти касбӣ мебаранд.
Ҳанӯз дар оғози ташаккулёбии хизмати давлатии муосири Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карда буданд: “Мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамлакатҳои мутараққии дорои иқтисоди бозорӣ дар як радиф қарор дошта бошад. Барои ин на танҳо бароҳмонии сиёсати самарабахши иқтисодӣ, балки ташкили институтҳои пурқудрати таъминкунандаи пешбурди ин сиёсат тақозо мегардад. Барои дастёбӣ ба ин ҳадафҳо зарур аст, ки сохтори кӯҳна аз нав сохта, ба низоми нави иқтисодӣ, усулҳо ва механизми тағйирёбандаи идоракунӣ мутобиқ гардонида шаванд”.
Хизмати давлатӣ қисми чудонопазири низоми идоракунии давлатӣ буда, дорои меъёрҳои ҳуқуқие мебошад, ки онҳо муносибатҳои давлатӣ-хизматиро танзим менамоянд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди низоми нави давлатдорӣ ибтидо гузошта, барои такмили марҳила ба марҳилаи низоми идоракунии давлатӣ ва ислоҳоти хизмати давлатӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Конститутсияи Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намудааст, ки ин яке аз арзишҳои умумпазируфтаи ҷаҳони мутамаддин ба ҳисоб меравад. Аз ҷумлаи ҳуқуқҳое, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 27) муқаррар шудааст, иштироки бевоситаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи баробар доштани онҳо ба хизмати давлатӣ мебошад. Ҳуқуқи мазкур ҳудуди доирае мебошад, ки муносибатҳои шаҳрвандонро ба давлат муайян сохта, ҳамзамон, моҳияти хизмати давлатиро ҳамчун касб муаррифӣ менамояд.
Мутобиқи Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки соли 1966 қабул шудааст, ҳуқуқи баробар доштани шаҳрвандон барои дохил шудан ба хизмати давлатӣ дар бисёр мамлакатҳо қисми таркибии ҳуқуқи конститутсионӣ ба шумор меравад.
Тоҷикистон низ ин меъёри ҷаҳонии эътирофшударо ба хотири ташкили идоракунии самарабахши давлатӣ ва татбиқи принсипҳои шаффофият, демократизм ва дастрас будани ҳокимияти давлатӣ ба халқ пазируфтааст.
Ташкили ислоҳоти низоми идоракунии давлатии самарабахш ҳамчун заминаи рушди устувори иқтисодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва яке аз мақсадҳои асосии рушди миллии Тоҷикистон мебошад.
Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд қадамҳои устувор мегузорад. Дастовардҳои назарраси он аз фаъолияти самараноки дастгоҳи давлатӣ ва хизматчиёни давлатии он вобастагии амиқ дорад.
Ба таҳкими дастгоҳи давлатӣ дахл намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки “Низоми мавҷудаи идора ва сохторҳои он вобаста ба талаботи замон бояд такмил дода шавад. Дар шароити муосир унсурҳои манфии ташкили идора вуҷуд доранд, ки ба зиёд шудани монеаҳои бюрократӣ мусоидат карда, боиси паст гардидани масъулияти иҷрокунандагон мешаванд.
Аз ин рӯ, Ҳукумат солҳои охир барои татбиқи ислоҳоти куллии идораи давлатӣ кӯшиш менамояд.
Ҳадафҳои асосии он баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, таҳкими низоми худидораи маҳаллӣ, таъмини пурраи мустақилияти ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, кам кардани дахолати давлат ба фаъолияти хоҷагидорӣ, пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия мебошад. Гузаронидани ислоҳоти зикршуда аз мақомоти дахлдори давлатӣ масъулияти баландро талаб менамояд”.
Дар ҳақиқат, ҳама гуна давлат бе дастгоҳи давлатӣ ва бе системаи самараноки хизмати давлатӣ арзи вуҷуд дошта наметавонад.
Дигаргунсозиҳои куллӣ ва такмили низоми идоракунии давлатӣ дар баробари гузаронидани ислоҳоти мақроиқтисодӣ ва тағйир додани шаклҳои моликият яке аз вазифаҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Зеро идоракунии давлатӣ набояд дар асоси тақсимоти захираҳои моддӣ, муқаррар, супориш ё идоракунии фармонравоии сохторҳо ва шахсиятҳои алоҳида, балки дар доираи меъёрҳои ҳуқуқие, ки боварӣ ва эҳтироми васеи аҳолиро касб кардаанд, бунёд карда шавад.
Умуман таҳлили ислоҳот дар низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Точикистон ва таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа нисбат ба хизмати давлатӣ ҳамчун шакли фаъолият аз он шаҳодат медиҳад, ки раванди низоми идоракунии давлатӣ ва захираи луғавии ҷомеа маъмул гардидани мафҳум ва моҳияти хизмати давлатӣ пеш аз муҳлати муқарраршуда амалӣ гардида истодааст.
Дар Тоҷикистон хизмати давлатии муосири касбӣ ташкил гардид ва он имкон дорад, ки ҳамчун пайвандгари насли гузашта ва оянда таҷрибаи оламшумули давлатдории тоҷиконро идома дода, онро дар масири таърихӣ ҳамчун давраи эҳёи хизмати давлатӣ ба наслҳои оянда муаррифӣ намояд.
Муҳайё САИДАМАДЗОДА,
магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви фаъоли ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии "Сарвар" дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ







Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: