Лутфия Абдулхолиқзода: «Донишкадаи идоракунии давлатӣ манбаи омодасозӣ ва баланд бардоштани касбияти тахассусии хизматчиёни давлатист»26-01-2017, 16:24
Хабарро хонданд: 309 нафар
Назарҳо: 0
/АМИТ «Ховар»/. Ҳадафи асосии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон бунёди низоми доимоамалкунандаи замонавии тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ (бакалавр ва магистр), баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва салоҳиятнокии хизматчиёни давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин нуктаро имрӯз Лутфия Абдулхолиқзода, Ректори донишкадаи мазкур зимни нишасти матбуотӣ баён дошт. Ба гуфтаи мавсуф, низоми тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ва дар маҷмӯъ, тарбияи мутахассисони варзида соҳаи идоракунӣ муҳимтарин масъалаи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳалли он ба зиммаи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.