Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Ғояҳои бунёдӣ

4-11-2021, 09:16
Хабарро хонданд: 155 нафар
Назарҳо: 0
Ғояҳои бунёдӣ

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ – замони навсозӣ, ҷомеасозӣ, давлатсозӣ ва ҳокимиятсозӣ бо қабули Конститутсияи ҷадид оғоз гардид.
Ба тамоми олам эълон шуд, ки дар ин сарзамини мустақил, соҳибихтиёр, соҳибистиқлол ва озод – ҷомеаи мардумсолор, ҳуқуқасос, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ бунёд мешавад, ки ҷавҳари афкори онро адолатпешагӣ, ҳифзи манфиат, ҳуқуқ, озодӣ, тартиб, низом ва танҳо рушд ташкил мекунанд.
Ин, андеша, ки аз Конститутсияи давлати навбунёд сарчашма мегирад, зуд дар зеҳни аҳли ҷомеа ҷойгоҳ пайдо кард. Зеро аз майлу хоҳиш, хостаҳою талаботи сарчашмаи ҳокимият- халқ ғизо мегирад.
Ба ҳам омадани хостаҳои дастгоҳи давлатӣ ва аҳли ҷомеа, пайдо шудани мувозинат ва ҳамоҳанг гардидани ин сиёсати хирадмандона оғози эҳёи миллати куҳанбунёд, тамаддунофар ва собиқадори қарнҳо гардид.
Ислоҳот пайи ислоҳот дар ҳама самтҳо, соҳаҳо, зинаҳо ва мақомотҳо имкон дод, ки пайроҳаи инкишоф, пешрафт ва тараққиёт рўз аз рўз равшантар, васеътар ва фарохтар гардаду ба шоҳроҳи рушди устувори ҷомеа наздик шавад.
Дид, дидгоҳ, додситонӣ, додпарварӣ нисбати сарчашмаи ҳокимият –халқ, ки ҷавобгў ба санадҳои байналмилалӣ, талаботи давру замон ва мутавозин нисбати ҷойгоҳи мақому мартабаи бахшҳои гуногуни ҷомеа Сиёсати нозук ва муйшикофона таҳия ва тадбиқ мегардад, аз ҷониби Пешвои миллат, ки омили муҳим ва асосии Идеологияи созанда ва ободкор гардид.
Аз сарчашмаҳои гуногуни илмӣ мо медонем, ки ҷавҳари сиёсат ин ҳифзу ҳимояи манфиат, ҳуқуқ бошад озодию адолат, иқтисод –таъмини рушду инкишоф ва фарҳанг ин арҷгузори ба арзишҳои миллӣ, динӣ, илмӣ ва расму оин аст. Пас, сиёсатмадор ҳамеша дар андеша, ҷустуҷў ва ба такопуи он аст, ки дар ҷомеа манфиати тамоми табақаҳо, гурўҳҳо ва қишрҳои он ҳифз ва бо қабули санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор танзим, ҳамоҳанг ва мутавозин гардонда шавад. Дар ин раванди беист ва муҳим, ки идоракунӣ ном дорад- Идеология нақши бориз ва муҳим дорад.
Сариштасозӣ барои хотирҷамъии аҳли ҷомеа, таҳрики ҳаракат ба пеш барои ноил гардидан ва расидан ба мақсад, ҳадаф ва амалӣ кардани консепсияю стратегияҳо, барномаю лоиҳаҳо мардумро атрофи Пешво муттаҳид ва нерўманд месозад.
Орифи машҳури миллати тоҷик Ҷалолуддин Балхӣ овардааст:
Одамӣ дид асту боқӣ гушту пўст,
Ҳар чӣ одам дид, асли одам ўст.
Аз ин пешниҳоди Мавлоно мо метавонам хулоса кард, ки меҳвар, асос, ҳастии мо, аз диди мо, аз дидгоҳи мо, вобаста аст. Яъне, назар, андеша, фикр, афкор, ғоя ва ақлу хиради мо- мояи ҳастии мост.
Ҳадаф, мақсад, парадигма (намунаи идеологияи мо) назария, шакл дорад, ки дар Конститутсия 6 ноябри соли 1991 қабул гардид.
Имрўз моро зарур аст, барои амали кардани 6 принсипи бунёдии моддаи якуми ин Шиносномаи миллат, Консепсияи бунёди ҷомеаи соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро таҳия ва қабул намоем, ки ин дид, назарияи илман асоснок карда шавад.
Баъдан вобаста ба таҳкими низоми идораи фарогирӣ ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идоракунии оммавӣ», қабул намоем, ки асос барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ гардад.
Тамоми аҳли нишаст медонад, ки низоми сиёсии ҷомеа аз чор қисм – давлат, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма иборат аст.
Аз ҳамин сабаб, моро имрўз зарур аст, дар баробари хеле сахт фаъол будани дастгоҳ ва мақомоти давлатӣ, дигар қисмҳои низомро масъул, фаъол ва муаззафи пешрафти ҷомеаи шаҳравандӣ созем.
Идоракунӣ ва рушди ҷомеа вазифаи асосии давлат аст, аммо дар давраҳои муайяни рушди ҳар давлат дар мадди аввал, ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ё сиёсӣ афзалият дорад. Самаранокии рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат ва беҳтар кардани сифати зиндагии аҳолӣ аз чунин омилҳо вобаста аст:
- таъмини меъёрӣ – ҳуқуқии раванди идоракунии оммавӣ (танҳо давлат не);
- бо ба ҳисобгирии андозаи ҳудуд ва шумораи аҳолӣ, ки ба муайян кардани мақсадҳо ва интихоби сохтори инноватсионии ташкили идоракунии чандирӣ;
-сатҳи боварии мардум ба ҳокимият (неру, қудрат) ва рушди ҷомеа (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, экологӣ ва ……);
-таҳкими арҷгузорӣ ба арзишҳо ва анъанаҳои миллӣ, таърихӣ, динӣ, фарҳанг ва суннатҳо;
- зарфияти захиравии (ҷомеа ва табиат) давлат;
- таҳкими робитаҳои хориҷӣ (самаранокии фаъолияти байналмилалӣ);
- касбияти хеле баланди мутахассисони идоракунанда, ки офарандаи сиёсат мебошанд;
- ҷустуҷўи усул ва сабки босамари сариштаи ҷомеа;
- эҷоди муносибати илман асоснокшуда дар менеҷменти оммавӣ;
- баланд кардани масъулияти мутахасисон ва беҳтар кардани ҳавасмандсозии онҳо дар идоракунӣ;
- истифодаи хеле васеи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ.
Аҳли ҷомеа кай дучори фасоди ахлоқӣ мегардад? Вақте, ки аз аҳкоми фиқҳи ҳанафӣ дур мешавад. Барои солим гардонидани ахлоқи ҷомеа Консепсияи бунёди давлати дунявӣ нақши калон дорад.
Барои пешгирии баъзе «бемориҳои ҷомеа», махсусан, ҷунбишҳои ифротӣ, ихтилофи назари мазҳабӣ, баҳсҳои лафзӣ, мухолифати ақидатӣ ва бавуҷудовардани ҷаҳонбинии дунявии муосир, афкори динии созанда, инчунин, ташкили низоми эътиқодии ободкор, моро зарур аст, якчанд Консепсияҳоро таҳия ва қабул намоем. Ба монанди:
-Консепсияи «моли ҳалол»- барои пешгирии фасод, зиёдаравии бе асос ва танзими иҷтимоии қишрҳои ҷомеа;
-Консепсияи «муъмин бародари муъмин»- барои таблиғи урфу одатҳои суннатӣ ва бо ин роҳ беҳтар кардани вазъи иҷтимоии гурўҳои муайяни мардум;
-Консепсияи «маърифати исломӣ»- барои тозагии ахлоқ, маънавиёт ва пешгирии зуроварӣ дар оила, кўча, хушунат, муноқиша, тундгароӣ ва иштибоҳи мазҳабӣ;
-Консепсияи «мактаби динии Имоми Аъзам»- барои таҳкими худшиносии динӣ, пешгирии уммати ислом аз бархурди тамаддунҳо ва падидаҳои номатлуб, ба монанди ифротгароӣ, тундгароӣ, бунёдгароӣ, ҷудоихоҳӣ ва даҳшатафканӣ;
-Консепсияи «таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ »- барои бунёди ҷомеаи дунявӣ, муосир ва замонавӣ.
Фиқҳи Имоми Аъзам ба кадом сарчашмаҳо такя мекард: Қурони Маҷид, суннат, иҷмоъ, қиёс, истеҳсон ва урфу одат.
Дар бунёди ҷомеа нав мо ба чӣ такя мекунем? Конститутсия ва ………..
Ғояҳои бунёдии ҷомеа шаҳрвандӣ ба монанди: баробарӣ, бародарӣ, адолат, таҳам мулпазирӣ, озодии фардӣ, созандагӣ, ободкорӣ, бунёдкорӣ, субботу амният ва ғайраҳо ба кадом парадигма ё доктрина (намунаи шакл-модел) такя мекунад?
Неруи фикри-қудрати андешаи миллии мо ба кадом сарчашмаҳо такя ва асос мегардад?
Вобаста ба ҳалли масъалаи мазкур дар китоби «Асрор-ул-ҷалолия»-и худ Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ чунин меорад:
Берун зи ту нест, ҳар чӣ дар олам ҳаст,
Дар худ биталаб, ҳар чӣ хоҳӣ, ки туӣ
Он бемориҳои ахлоқии аҳли ҷомеа, ки мо имрўзҳо мебинем, ба монанди сарватпарастӣ, овехтани зару зевари зиёд, пўшидани либосҳои номуносиби ғайри миллӣ, ба корҳои зишт даст задан танҳо бо роҳи таҳким бахшидани таълимоти бузурги ахлоқӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои волои фарҳангӣ, илмӣ, динӣ ва суннатӣ бартараф мегардад.
Меҳвари «рафтори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» дар замони муосир ин пеш аз ҳама метавонад таълимоти баланди хушахлоқии ҳаёт ва фаъолияти Абуҳанифа -Имоми Аъзами миллати тоҷик гардад.
Дар раванди таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мо дидем, ки дар маркази вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба хотири арҷгузори ба муққадасоти миллӣ «Маҷмааи эҳёи миллӣ» бунёд гардид, ки аз Пайкараи асосгузори аввалин давлати тоҷикон Исмоли Сомонӣ, майдонҳои Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ дар Боғҳои фарҳангию фароғатии замонавӣ бо якқатор Марказҳои муосири эҳёи ҳунарҳои миллӣ, хизматрасонӣ ва тиҷоратӣ оро дода шуд, ки ба рўҳу равони сокинон ва боло рафтани ҳуввият ва ҳисси хештаншиносии онҳо таъсири мусбӣ мерасонад.
Дид ё дидгоҳи идеологияи муосири мо метавонад дар шакли комплексӣ дар ин ё он парадигма- Консепсияи эҳёи давлати миллӣ бо сиёсати фарогири мардумсолор, иқтисодиёти бисёр шакли моликият, ки ба танзими муносибати бозорӣ нигарон, фарҳанги – нигарон ба арҷгузории анъанаҳои суннатӣ, динӣ, мазҳабӣ, муқаддасоти миллӣ, башарӣ ва таъриху забон, иҷтимоёти ба адлу инсоф нигарон, мутавозин ба касб, мақом ва дахлу харҷи ҳар як шаҳрванд таҳия ва устувор дар тафаккури омма гардад.
Албатта шумо имкон доред, саволе матраҳ созед, ки ин санади муҳими заруриро кӣ бояд таҳия созад?
Пешниҳоди ман чунин аст, ки ин кори зарурӣ ва муҳимро дар ҷанбаи иқтисодӣ – Маркази тадиқиқоти стратегӣ, ҷанбаи ҳуқуқӣ – Маркази қонунгузорӣ, ҷанбаи диниро – Маркази исломшиносӣ ва ҷанбаи сиёсиро Марказҳои гуногуни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарпарастии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дастури махсуси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва амалӣ созад.
Хушбахтона назар, диди мо бараъло мушоҳида дорад, ки дар ҷомеасозӣ, миллатсозӣ ва давлатсозӣ кишвари азизи мо, як ҷаҳиши муассир кардааст. Ҳастии мо аз он далолат дорад, ки мо баъд аз ҷамъбасти «Се соли рушди деҳот, ҳунарҳои мардуми ва сайёҳӣ», ки тавонист симои садҳо маҳалҳои кишварро ба куллӣ тағйир диҳад, метавонем бо амали кардани ду Барномаи анҷумании Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мо дар пешрафти иқтисоди миллӣ ҷаҳише намоем.
Пас, имрўз, диди мо, ҳастии мо аз он тақозо дорад, ки се соли ояндаро «Се соли рушди шуғли пурмаҳсул» эълон намоем ва бо ин роҳ, арзишмандтарин дастоварди худ-Истиқлолияти давлатиро аз бунёд устувору пурқувват намоем. Танҳо ба пеш…
Ҳамеша хирадро ту дастур дор,
Ба дў ҷонат аз носазо дур дор.
А. Фирдавсӣ


Маҳмадулло Наимов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: