Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » САМТҲОИ АСОСӢ ВА АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТ

САМТҲОИ АСОСӢ ВА АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТ

13-01-2023, 12:37
Хабарро хонданд: 215 нафар
Назарҳо: 0
САМТҲОИ  АСОСӢ  ВА  АФЗАЛИЯТНОКИ  СИЁСАТИ  ДАВЛАТСАМТҲОИ  АСОСӢ  ВА  АФЗАЛИЯТНОКИ  СИЁСАТИ  ДАВЛАТ Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ"

Роҳбарони бисёр кишварҳои демократӣ дар назди Парламенти кишвар баромад намуда, роҳҳои асосии тараққиёти давлат ва ҷамъиятро муайян менамоянд. Муроҷиатномаи ҳарсолаи роҳбарони бисёр давлатҳои демократӣ таҷрибаи нодир дар сиёсат ва давлатдорӣ мебошад, зеро он механизми таъмини принсипи тавозуни байни шохаҳои ҳокимиятро бевосита амалӣ менамояд. Паёми Президенти мамлакатро метавон аз нигоҳи сохторӣ ба ду қисм: қисми аввал ҳисоботӣ шуморид, ки Сарвари давлат дар бораи корҳое, ки мақомот, бахусус мақомоти иҷроия дар як соли охир ё чанд соли охир анҷом додаанд, ҳарф мезанад. Қисми дуюм нишондиҳанда буда, дар он умуман аз рӯйи ҳар як соҳаи хоҷагии халқ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ ба мақомоти давлатӣ супориш дода мешавад.
Паём ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва илмӣ-таҳлили мебошад, ки раванди давлатдории миллӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, стратегияи рушди устувори давлатдорӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум, татбиқи ҳадафҳои муҳими миллӣ ва ҳифзи амнияту суботи сиёсии шаҳрвандонро муайян намуда, дастовардҳо, ҳолати рушди соҳаҳои ҷамъиятӣ ва имконияту тадбирҳо ҷиҳати ҳалли мушкилот ва муаммоҳои ҷойдошта аз ҷониби Президенти кишвар ба таври мушаххас ва асоснок таҳлил гардида, ба вазорату кумитаҳо, умуман ба ҷомеа вазифагузориву роҳнамоӣ барои имрӯзу фардо ва дигар роҳҳои ҳалли масъалаҳо пешниҳод мегарданд.
Дар Тоҷикистон паёмҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз соли 2001 то инҷониб ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон нақши асосӣ ва бағоят муҳим дорад. Паёмҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллат ироа гардидаанд, бозгӯи шукуҳу шаҳомати истиқлоли миллии Тоҷикистон, тантанаи соҳибихтиёрии миллати тоҷик ва дастовардҳои азими давлатдории миллӣ мебошанд.
Тамоми тадбирҳое, ки аз тарафи Пешвои миллат дар Паём баён гардидаанд, маҳз ба хотири ҳифзи сулҳу субот, рушди илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлоли давлатӣ, беҳтар намудани сифати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, баланд бардоштани нуфуз ва эътибори кишвар дар артсаи байналмилалӣ равона карда шудааст.
Баъд аз ироаи Паём ва таъкидҳои оқилона ва саривақтии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як фарди ҷомеа бояд бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва ифтихор аз давлату миллати худ баҳри рушди устувори Ватан ва беш аз пеш ободу зебо ва хуррам гардонидани он, пос доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ҳифзи марзу бум саҳми арзанда ва меҳнати содиқона дошта бошад.
Аз нигоҳи илми фарҳангшиносӣ, соҳаи маориф дар низоми фарҳангии ҳар як ҷомеа нақши муҳимеро иҷро мекунад. Тавре маълум аст, соҳаи маориф муҳимтарин рукни иҷтимоӣ-фарҳангии рушди ҷомеа маҳсуб ёфта, тамоми табақаҳову қишрҳои иҷтимоии аҳолӣ ба низоми омӯзиш иртибот дорад.
Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид доштанд: “Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад». Ҳамчунин, Сарвари давлат иброз намуданд ки, маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳими низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем”.
Аз рӯиандешаҳои Пешвои миллат, имрӯз мо комилан дарк менамоем, ки Сарвари давлат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
Ниҳодҳои масъули ин соҳаро лозим аст, ки мутобиқи талабот ва меъёрҳои оинномавии худ фаъолият намуда, ба рушди сиёсати давлатии соҳаи маориф ва беҳтар намудани сатҳу сифат ва азбар намудани донишҳои замони муосири донишҷуён саъю талоши худро аз ҳар вақти дигар дида, бештар равона намоянд. Ба қавли Пешвои миллат: “Пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад”.
Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо – омӯзгорон чароғи раҳнамо буда, ҷиҳати расидан ба мақсади наҷиб, ки он ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омода кардани кадрҳои баландихтисос мебошад, мусоидат менамояд.
Ба шарофати истиқлоли давлатӣ раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромада, Пешвои миллат дар Паём зарур донистанд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиш таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Бешак, дар ҳар давру замон пешрафт ва тараққии илм дар он сурат зоҳир ва рушд менамояд, ки Роҳбари давлат аз илм ва олимон пуштибонӣ намояд. Пешвои миллат дар Паём мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин зикр намуданд. Ба андешаи Пешвои миллат, агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.
Ин сиёсат созанда буда, барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, аз ҷумла ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф ва фарҳанг дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин ва мустаҳкам гардидани ғояҳои муосири давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши муҳим мебозанд.
Маълум аст, ки бо мақсади тавсеа бахшидани рушду густариши кишвари азизамон – Тоҷикистон бурду бохти ҳар як соли давлатдории миллӣ бо корбурди қиёс ба солҳои гузашта баръало натиҷагирӣ мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ дастовардҳои бесобиқаи дар панҷ соли охири кишварро қиёс намуданд.
Метавон чунин хулоса кард, ки бунёди маорифи миллӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳанг на танҳо фарогирии малакаҳои муайяни ақлониву истеҳсолӣ, балки шароити фарҳангии зиндагиву фаъолияти ҷомеа, яъне наздикшавии шахс ба арзишҳои олии маънавию ақлонӣ низ маҳсуб меёбад. Ҷомеаи навини мо зери роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат ба самти рушду саодат қадам ниҳода, омӯзиши донишҳои замонавӣ мавқеи умумимиллӣ касб хоҳанд кард.
Раҷабалӣ ДОДИХУДОЕВ, мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: