Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » НИГОҲУБИНИ ВОЛИДАЙН ҲАМ ФАРЗ АСТУ ҲАМ ҚАРЗ

НИГОҲУБИНИ ВОЛИДАЙН ҲАМ ФАРЗ АСТУ ҲАМ ҚАРЗ

11-01-2024, 10:00
Хабарро хонданд: 154 нафар
Назарҳо: 0
НИГОҲУБИНИ ВОЛИДАЙН ҲАМ ФАРЗ АСТУ ҲАМ ҚАРЗ
Риоя ва ба ҷо овардани анъанаҳои миллӣ, нигоҳубини падару модар яке аз масъалаҳои ҳалталабе мебошад, ки моро водор месозад, ки сари он андеша намоем.
Мутаассифона, имрӯзҳо дар олами маҷозӣ хабару воқеаҳои зиёде оид ба беэҳтиромӣ нисбат ба волидайн, рӯй гардонидан аз онҳо ва ҳатто баъзан сӯиқасд намудан ба ҷони онҳо аз ҷониби фарзандони нохалаф нашр мешаванд, ки аксарият аз ин хабарҳои гӯшношунид огоҳ ҳастанд ва ба чунин фарзандони нохалаф нафрин мехонанд.
Албатта, манзури банда такрори чунин хабарҳои гӯшношунид набуда, андешаи худро нисбат ба чунин амали зишти бархе фарзандони ноқобилу ноуҳдабаро баён кардан мехоҳам. Зеро, ҳар боре чунин хабари нохушро мехонам ва ё аз забони нафаре мешунавам, дар ҳайрат мемонам ва меандешам, ки наход инсон то он ҳаде бераҳм бошад, ки сӯиқасд ба ҷони онҳое кунад, ки ӯро бо садҳо умеду орзу ба дунё оварданд, хӯронданду пӯшонданд, хононданду ба воя расониданд. Воқеан ҳам, ҷойи таассуф аст.
Падару модар барои фарзандон ду ганҷи ноёб ҳастанд ва ҳар як фарзанд муваззаф аст, ки онҳоро азиз дораду то рӯзи буданашон ҳурмату эҳтиромашонро бо ҷону дил ба ҷо орад ва нигоҳубин намояд, то ин ки дар оянда аз фарзандони худ иззату эҳтиром бубинад.
Дар осори бузургони мо дар бораи эҳтиром ва гиромӣ доштанипадару модарпанду ҳикматҳои зиёде эҷодшудаанд, ки мутолиа ва фаҳму дарки онҳо метавонад дунёи моро дигар созад ва меҳри падару модарро дар дили мо равшантару зиёдтар намояд.
Мо, омӯзгоронро зарур аст, ки шавқи омӯзиши осори гаронбаҳои бузургонамонро дар замири хонандагон ҷой намоем, то ин ки шуълаи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат дар дили онҳо то абад фурӯзон бошад.
Маҳз зиёд рух додани чунин амалҳои зишт, ки дар боло зикр кардем, давлат ва Ҳукумати мамлакатро водор намуд, ки нигоҳубини волидайнро аз ҷониби фарзандон дар асоси қонун таъмин намояд ва муайян кардани уҳдадориҳои фарзандон оид ба нигоҳубини падару модар дар чаҳорчӯбаи қонун ниҳоят иқдоми нек ва айни муддао буд. Ин аст, ки уҳдадориҳои фарзанди болиғуқобилимеҳнатдарнигоҳубинватаъминипадарумодар дарҚонуниҶумҳурииТоҷикистон“Дарбораимасъулиятипадарумодардартаълимутарбияифарзанд”мушаххас нишон дода шудааст.
Дар боби 3 моддаи 10-и қонуни мазкур муайян карда шудааст, ки фарзанди болиғуқобилимеҳнатуҳдадораст, кипадарумодари худро нигоҳубинватаъминкарда, онҳороазҷиҳатимоддӣвамаънавӣдастгирӣнамояд.
Масъулияти нигоҳубини волидайн дар ҳолебазиммаифарзандвогузор мешавад, ки фарзанддарбаробариболиғбуданқобилиятимеҳнаткарданро низдоштабошад.Яъне, фарзандони болиғе, ки қобилиятикоркарданнадорандвахуднафақаваёрдампулӣмегиранд, азиҷроиуҳдадориҳооид банигоҳубинватаъминипадарумодаразҷиҳатимоддӣозодмебошанд.
Қонун муайян кардааст, ки эҳтиёҷотипадарумодарнисбатбакумаквағамхорӣазҷонибифарзандиболиғуқобили меҳнатдарҳолатҳоебавуҷудмеояд, кипадарумодарбароизиндагииарзандабинобарсабабинарасиданиимкониятҳоимоддӣтанқисӣмекашандваёбемормешавандубаёриифарзандонэҳтиёҷ доранд.
Азҷиҳатимоддӣдастгирӣ намудан дастгирии маънавиро истисно намекунад, зеро аз ин амали фарзанд падару модар руҳаншодмегарданд.
Дастгириимаънавӣдарғамхорӣвадигарнамудиёриимаънавӣтаҷассуммеёбад, киазонруҳияимаънавиипадарумодарбаландбардоштамешавад.
Бояд зикр кард, ки фарзандони болиғҳамчунанъанаимиллӣуҳдадориҳояшонроихтиёраниҷроменамоянд. Онҳобароичунинкорроанҷомдоданметавонандоидбапардохтнамуданиалиментсозишномабаста, дарасосионба падарумодарибакумакэҳтиёҷмандихудёриимоддӣрасонанд. Дарсуратинабуданисозишнома тартиби судии рӯёнидани алимент муқарраркардамешавад.
Барои иҷронакарданиуҳдадориҳооидбанигоҳубинватаъминипадарумодарфарзандони болиғуқобилимеҳнатбаҷавобгарииҷиноятӣкашидамешаванд.
Ҷавобгарииҷиноятӣҳангомибадқасдона, яънебидунисабабҳоиузрнокбештаразсемоҳсаркашӣкардани фарзандоназиҷроиҳалномаисуддоирбопардохтимаблағҷиҳатитаъминотипадарумодариғайриқобилимеҳнатваэҳтиёҷмандёриимоддӣтатбиқкардамешавад.
Албатта, ҳар фарзанди солиму солеҳ, ҳарфарзандиболиғуқобилимеҳнатбоядҳамешадастёрумададгориволидайнбошад.
Бахусус,замоне, ки онҳопирунотавон вабемор мешаванд, фарзандбоядхидматионҳоробатаври шоистаанҷомдиҳад.
Набоядфаромӯшкард, кимодарморобосадормонуорзу, бонозумуҳаббатумеҳрубонӣдароғӯшигармихешпарварда, падарҳамеша ғамхорумададгорамон буд.
Аз ин рӯ, ҳар як фарзанд, пеш аз ҳама, бояд ҳурмату эҳтироми падару модарро баҷо оварда, дар овони пирӣ нигоҳубини онҳоро қарзи фарзандии худ донад.

Фаррух ГУРЕЗОВ,
узви фаъоли ҲХДТ,
директориМТМУ №91-иноҳияиРӯдакӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: