НАҚШИ ВОЛИДАЙН ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД6-12-2023, 11:55
Хабарро хонданд: 510 нафар
Назарҳо: 0
Тарбия ва ба камол расондани фарзанд дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма гирифтааст. Чун танҳо оилаи солиму соҳибмаърифат метавонад фарзанди хубро тарбия намуда, ба камол расонад. Бо мақсади гирифтани пеши роҳи ҳамагуна амалҳои номатлуб инчунин, ҷавонону наврасонро дар руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ тарбият намудан ва ба хотири боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва ба роҳи рост ҳидоят кардани фарзандон бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул гардидааст. Ин қонун барои беҳбуд бахшидани ҳаёти кӯдакон ва коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни онҳо замина гузошта, масъулияти волидайнро дар таълиму тарбияи фарзанд боз ҳам зиёдтар гардонид. Ба воя расондани фарзанд ва тарбияи дурусти онҳо вазифаи аввалиндараҷа ва масъулияти падару модар дар назди ҷомеа ва миллату давлат мебошад. Оид ба уҳдадориҳои падару модар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” зикр гардидааст, ки дар навбати худ волидайн бояд босавод бошанд, танҳо дар ҳолати фаҳмиши солим ва дониши комил доштан онҳо метавонанд фарзанд тарбия намоянд. Дар муҳити оилаи солим фарзанди низ хуб тарбия меёбад. Мутаассифона, имрӯз баъзе падару модарон барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони худ монеъ мешаванд ва нисбат ба ҳаёту зиндагии онҳо беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Ҳамин аст, ки дар ҷомеаи мо амалҳои номатлуб марбут ба ҳуқуқвайронкунию ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон содир мегарданд. Беназоратии волидайн нисбат ба наврасону ҷавонон, беаҳамиятӣ ва хунукназарӣ нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд сарчашмаи ҳамагуна амалҳои номатлуб аз ҷониби наврасону ҷавонон мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар як падару модарро зарур аст, ки ин вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандиро хуб дарк намуда, фарзандони худро бо роҳи дуруст, омӯзиши илму ҳунар ва азхуднамоии технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватани азизамон - Тоҷикистон ҳидоят кунанд, то ки тавонанд дар оянда аз фарзандони содиқу номбардори миллати худ ифтихор намоянд. Ба таълиму тарбия фаро гирифтани ҷавондухтарон бояд диққати аввалиндараҷа дод, чун ҳар ҷавондухтар оянда модар мешавад ва танҳо модари босавод метавонад фарзанди хуб таълиму тарбия намояд. Ҳар як волидайн имрӯз вазифадор аст, ки фарзанди ба дунё овардаи худро дуруст таълим ва тарбия намояд то ин ки дар синни пиронсолӣ фарзанд номбардор ва обрӯи падару модар бошад. Манижа МИРБОНОВА,
корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.