Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОИЛА ДАР ФАРҲАНГИ МАРДУМИ МО НИҲОДИ МУҚАДДАС АСТ

ОИЛА ДАР ФАРҲАНГИ МАРДУМИ МО НИҲОДИ МУҚАДДАС АСТ

18-05-2023, 09:53
Хабарро хонданд: 299 нафар
Назарҳо: 0
ОИЛА ДАР ФАРҲАНГИ МАРДУМИ МО НИҲОДИ МУҚАДДАС АСТ
Дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик оила чун ниҳоди муқаддас ва таҳкимбахши ҷомеа шинохта шудааст. Зеро дар оила ба фарзандон накӯтарин арзишҳои инсонӣ - меҳру муҳаббат, садоқату вафодорӣ ба аҳли хонавода, халқу Ватан, таъриху фарҳанг, дину анъана ва русуми неки ниёгон тарбия дода мешавад.
Эҳтироми падару модар ва дасти ҳам гирифтани аъзои хонавода дар китоби муқаддаси аҷдодамон «Авесто» дарҷ шудааст, ки тибқи он марди хонавода нисбати бонуи хеш эҳтироми хоса зоҳир менамуд. Ривояте ҳаст, ки марди хона ҳар субҳ, баъд аз зиёрати Офтоб, нахуст дасти зан мебӯсиду эҳтироми самимиро ба бонуи худ ифода мекард, ки чунин одат ҳоло як ҷузъи фарҳанги Ғарб эътироф шудааст. Бастани шартномаи никоҳ пеш аз издивоҷ низ аз тамаддуни ориёиҳо маншаъ мегирад. Таҳқиқоти муаррихону ҳафриётшиносон муайян намудааст, ки ҳанӯз дар асри VIII–и қабл аз мелод дар Суғди бостонӣ бастани шартномаи никоҳ миёни навхонадорон анъана буд.
Дар фарҳанги исломӣ низ мақому манзалати зан ва оилаву оиладорӣ хеле баланд аст, ки тарбияи фарзандонро танҳо дар муҳити солим раво медонад. Бузургоне, мисли устод Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Саъдии Шерозӣ, Низомии Ганҷавӣ, Носири Хусрав, Имоми Аъзам, Унсуралмаолии Кайковус, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон дар мавзуи тарбияи фарзанд ва нақши оила дар он, мақоми падару модар, интихоби ҳамсар, одобу маърифати зан ва монанди инҳо осори зиёде таълиф намудаанд. «Қобуснома»-и Унсуралмаолии Кайковус, «Насиҳатнома»-и Имоми Аъзам, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насруддини Тӯсӣ, «Кимиёи саодат»-и Ғаззолӣ, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Ахлоқи Ҷалолӣ»-и Давонӣ ва дигар панду насиҳатномаҳо аз зумраи онҳоянд. Яке аз ақидаҳои бунёдии ин муаллимони бузурги ахлоқ аз он иборат мебошад, ки онҳо ҳусни эҳтиром ва масъулиятро нисбат ба фарзанд пайваста анҷом додани амалҳои неку солеҳро дар рафтору гуфтори ӯ бо муносибати некбинонаи волидони онҳо алоқаманд медонанд.
Дар ин замина мутафаккири бузурги асрҳои миёнаи тоҷик Муҳаммад Ғаззолӣ чунин овардааст: «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир. Ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ҳар тухме, ки дар вай бикорӣ, бирӯяд. Агар тухми хайру некӣ аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модару муаллим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бади афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳар чӣ хоҳад, кунад ва бо ҳар кӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ накунӣ».
Устод Садриддин Айнӣ низ дар аввали асри ХХ оилаи солимро асоси хушбахтии хонадон ва макони тарбияи атфол маънидод карда буд. Чунин нишонаи арҷгузорӣ ба падару модарон, эҳтиром ба зан ва таваҷҷуҳ ба заҳмати духтарону бонувон имрӯз ҳам аз ҷониби аҳли илм ва адабу фарҳанг идома дошта, дар навбати худ Ҳукумати мамлакат низ барои дастгирии онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам овардааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи ҳифзи асолати миллӣ ва устуворгардонии оилаҳоро бо дарназардошти таъсири раванди ҷаҳонишавӣ дар радифи вазифаҳои асосии фаъолияти сиёсии худ қарор доданд ва дар ин раванд тадбирҳои муассиру самарабахш андешиданд. Аз ҷумла, таъсис додани сохтори махсус - Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон исботи он аст, ки дар соҳаи иҷтимоӣ ҳалли мушкилоти таъмини баробарҳуқуқии занон ва таҳти ғамхории ҳамешагии давлат будани оила нақши ҳалкунанда дорад. Ҳамчунин, дар низоми қонунгузории давлат, қабл аз ҳама, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси оила муҳимтарин принсипу усулҳои ба оила алоқаманд дарҷ шудаанд. Масалан, дар моддаи 33-и конститутсияи омадааст, ки оила таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Дар моддаҳои 64 ва 88-уми Кодекси оила сухан дар бораи ҳуқуқу уҳдадориҳои волидон нисбат ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон ва уҳдадориҳои фарзандони болиғ ҷиҳати таъмин ва нигоҳубини волидон меравад.
Ба хотири таъмини солимии ҷомеа қабул гардидани Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва эълон гардидани соли 2015 ҳамчун «Соли оила» аз ҷониби аҳли ҷомеа хуб пазироӣ шуданд, ки ба ин тариқ, Сарвари давлат таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро бори дигар ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ҷалб намуданд ва чунин нуктаи муҳимеро таъкид доштанд:
«Нақши оилаи устувор ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанд басо муҳим мебошад. Падару модарон, ки сутуни хонавода ва ё оиларо ташкил медиҳанд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир намоянд. Онҳо бояд як нуктаро ба инобат гиранд, ки фарзанди солеҳ ва бомаърифат давоми умри падару модар мебошад ва ба ин хотир, ҳангоми таълиму тарбия ҳеҷ чизро набояд аз онҳо дареғ доранд ва барои ба камолот расидани онҳо сармояи хешро дар парваришу омӯзиши фарзандонашон сарф намоянд».
Шоҳона Одиназода,
вакили Маҷлиси вакилони халқи
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: